Зеҳн
НИГОҲЕ БА РАВЗАНАИ ТАРБИЯ

Китоби мазкур маҷмӯаи мақолаҳо оид ба масъалаҳои тарбия ва парвариши насли наврас мебошад. Дар он масъалаҳои муҳими омӯзгорӣ ва рушди маърифати хонандагон баррасӣ шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 54 саҳифа

МаърифатТаҳсилотМаориф
Аз аввал хондан

ҳангоми хайрбод бошад бо аҳли синф калимаи «хайр, то боздид!»-ро дар мақоми истифода қарор додан ҷоизтар аст. Қасди мо аз ин пешниҳод ин аст, ки ҳар ки ҳар чӣ бихоҳад нагӯяд, балки дар одоби муошират танҳо истилоҳеро пазирад, ки ҳама аз он бо самимият истиқбол намоянд.

Хушмуомилагӣ, бо лаҳни гуворо ҳарф задан, ба солмандон арҷ гузоридан ва аз вожаи «Шумо» фоида бурдан аз вижагиҳои муҳими одоби муошират ба шумор меояд, ки месазад ҳар як инсони фарҳангӣ аз он баҳрабардор бошад. Зеро одоби муошират зинати инсон аст ва шукӯҳмандии инсон ҳам бо рафтори боадабонаи ҳар шахс иртиботи ногусастанӣ дорад. Бад-ин ваҷҳ тарбиятгарро зарур аст, ки бо камоли кордонӣ ин хислатҳои волотарини ахлоқиро дар хулқу атвори тарбиятгирандагони хеш парвариш диҳад.

Доираи истифодаи «шумо» васеъ ва густурдатар аст, ки дар соири мамолики ҷаҳон ба ҳайси ифодаи ҳурмату эҳтиром истеъмол мегардад. Миллати куҳанбунёду соҳибтамаддуни мо низ дар тӯли таърих аз ин вожаи хушоянд дар мавриди ба ҷо овардани иззати ҳамдигарӣ, яъне риояи маданияти нутқ аз рӯи меҳр истифода мебаранд. Дар забони тоҷикӣ муроҷиат бо вожаи «ту» ҳам вуҷуд дорад, вале нисбат ба калонсолон, устодон, волидон, ашхоси бегона муроҷиат кардан бо лафзи «шумо» афзал аст.

Муҳимтарин нуктаи дигаре, ки гӯшзад намудани онро саривақтӣ мешуморем, он ҳам бошад муомилаву муоширати мӯҳтарамона миёни омӯзгорон ва хонандагон доир сохтан мебошад, ки набояд онро аз назарҳо дур андохт. Одоби гӯш фаро додан ба гуфтори омӯзгор ва ё як нафаре аз ҳамсолони худ аз ҷумлаи вазифаҳоест, ки ҳар як шогирд дар риояи он бояд хешро масъул донад. Мутаассифона, тарбиятгирандагони имрӯзӣ дар муомилаву муошират миёни ҳамдигар ва муносибат намудан бо омӯзгорони худ аз оддитарин рафтору кирдори матлуб ва писандида сарфи назар мекунанд. Албатта, ин масъулият қабл аз ҳама бар дӯши волидону омӯзгорон меистад ва ин масъулияти сангин дар мавсими таълим бештар ба зиммаи омӯзгор меафтад. Дар

пешина
аз 54
навбатӣ