Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа
СУЛТОНИ ҚАЛБҲО
Найнавоз ва ғайра якҷо таронасарой намудааст. Қариб ҳамаи онҳо имрӯз аз Аҳмад Зоҳир бо ҳасрат ёд мекунанд. Ба қавли профессор Худойназар Асозода Зоҳир Ҳувайдо боре бо чашмони ашкбор аз телевизиони Кобул гуфтааст: "Афғонистон дар ин сад соли охир Аҳмад Зоҳир барин овозхон пайдо нахоҳад кард". Хонум Ҳангомаи дар марги Аҳмад Зоҳир сиёҳпӯш то ба имрӯз марсияи дар сӯгвории ин нобиғаи ҳунар гуфтаашро баробари аз ӯ ном гирифтан ба ёд меорад:
Қалби мо холист, холӣ,
Дилбари дилҳо куҷост?
Хоки тира аз ту пурсам,
Зоҳири зебо куҷост?
Имрӯз дар Афғонистон овозхоне пайдо намешавад, таронаҳои Аҳмад Зоҳирро нахонда бошад. Аз Фарҳоди Дарё сар карда то Эҳсони Амон ҳамагӣ дар репертуари худ таронаҳои нобу дилошӯби ин фарзонаи мусиқиро ҷой додаанд ва дар концерту тӯю ҷашнҳо бо хоҳиши мухлисони Аҳмад Зоҳир онҳоро месароянд.
Вақте, ки аз ҳамкорон ва дӯстони Аҳмад Зоҳир дар бораи ӯ пурсон мешавӣ аз чӣ бошад, ҳамагӣ суханро на аз маҳорати овозхонии ӯ, балки аз ҷавонмардиву саховатмандии ӯ шурӯъ мекунад. Қиссаҳои зиёдеро дар бораи олиҳимматии ӯ ба ёд меоранд. Яке ба ёд меорад, ки чӣ гуна ӯ тамоми пайсаҳои қиссаашро, ки муодили ҳазорҳо доллар будааст, ба як кампираки ношиносе, ки аз ба оташ рафтани ҷиҳози арӯсии ягона духтари ятимаш нола мекардааст, додааст. Дигаре аз он ёдовар мешуд, ки чӣ гуна ӯ барои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё