Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа
радиои Афғонистон мегӯяд, ки теъдоди суруду таронаҳои Аҳмад Зоҳир аз 400 бештар аст. Вале дар барномаи дигари ҳамин радиои Афғонистон, ки ба муносибати 12-солагии рӯзи ба шаҳодат расидани Аҳмад Зоҳир дар таърихи 14 июни соли 1991 нашр шудааст, натқоқи радио дар хусуси 850 оҳангу тарона доштани ин нобиғаи олами мусиқӣ ҳарф мезанад. Соли 2005 дар солрӯзи марги Аҳмад Зоҳир яке аз масъулини архиви радиои давлатии Кобул эълом дошт, ки дар фонди ин радио дар ҳоли ҳозир сабти 207 таронаи Аҳмад Зоҳир маҳфуз аст.
Соли 2006 дар шаҳри Машҳади Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳти унвони "Китоби ишқ" маҷмӯаи таронаҳои Аҳмад Зоҳир аз сӯйи муҳаққиқ ва аҳмадзоҳиршинос Муҳаммад Зоҳири Сипос таҳия ва ба чоп расид.
Қабз аз ҳама муаллиф дар сарсӯхани китобаш нуктаҳоеро аз зиндагиномаи Аҳмад Зоҳир меорад, ки муаллифони дигар дар навиштаҳои худ аз онҳо ёдовар нашудаанд ва ё дар бораашон камтар гуфтаанд. Чунончи Муҳаммад Зоҳири Сипос менависад, ки Аҳмад Зоҳир "дар синни ҳафтсолагӣ мутаваҷҷеҳи хат ва удоби муоширати иҷтимоӣ буд. Баъд вайро шомили мактаб намуданд ва чанде нагузашта бо падар ва хонавода озими Ҳиндустон ва дар он ҷо машғули таҳсил гардид ва баъд аз муддате дар назди устодони Ҳинд ба омӯхтани мусиқӣ, аккордион ва ҳармония пардохт".
Ба гуфтаи оғои Сипос Аҳмад Зоҳир баъд аз он ки хонаводаашон ба Афғонистон бармегардад, омӯзиши мусиқиро дар назди яке аз донандагони хуби ин ҳунари нафиса Фурӯғи Афандӣ, ки яке аз мусиқидонони турктабори Кобул буд, идома медиҳад. Ҳамин тариқ ба ақидаи оғои Сипос Аҳмад Зоҳир аз дигар нухбагони мусиқии афғон, аз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё