Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

хонум Пури Баной кӣ буд, ҳаминро мегӯем, ки ӯ яке аз ҳунарпешаҳои машҳури синамои даврони шоҳи Эрон ба шумор мерафт ва Аҳмад Зоҳирро шахсан мешинохт.

Дар омади гап бояд бигӯем, ки Муҳаммад Зоҳири Сипос дар як ҷои дигари китобаш менависад, ки Аҳмад Зоҳир чанд суруди хонум Гугуш, аз ҷумла таронаҳои "Бо он ҳама қавлу қарору паймон", "Ҳаргиз, ҳаргиз бе ту намехандам", "Дунёи зиндонӣ девор аст" (Вақте, ки дил танг аст, фойдаш чист озодӣ? С. Ҳ.), таронаҳои хонум Маҳастӣ "Ҳамаш дарду ҳамаш ранҷу ҳамаш ғам", "Пас аз ин зорӣ макун", "Султони қалбам ту ҳастӣ, ту ҳастӣ" ("Як дил мега буру, буру, як дил мега нару, нару" С.Ҳ.) ва таронаи овозхони туркӣ хонум Эмал Син "Гули сангам, гули сангам"- ро сурудааст.

ТАҚСИМБАНДИИ ТАРОНАҲО
ТИБҚИ СИПОС

Муҳаммад Зоҳири Сипос муддаӣ аст, ки китоби ӯ комилтарин маҷмӯаи таронаҳои Аҳмад Зоҳир ба ҳисоб меравад. Ӯ дар ин маҷмӯа тибқи ҳисоби худ 395 таронаи ба забони дарӣ хондаи Аҳмад Зоҳирро ҷойгир кардааст. Тақсимбандии таронаҳо тибқи навиштаи ӯ аз рӯйи дар кадом студия сабт шудани онҳо сурат гирифтааст. Ҳамин тариқ мувофиқи навиштаи мӯҳтарам оқои Сипос аз 395 таронаи дарӣ дар маҷмӯъ 75-тои он дар студияи радиои Кобул, 171 суруду тарона дар студияи "Афғон Музик", 63 суруд дар студияи "Музик Сантр", 23 суруд дар студияи "Ориёно Музик", 63 суруд ҳангоми базмҳои маҳфилӣ сабт шудаанд.

пешина
аз 338
навбатӣ