Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа
ва мазмуну матни интихобкардааш мекӯшид, ки аввал худ пурра сарфаҳм равад. Агар ин чиз ба ӯ ба осонӣ даст надиҳад, ҳатман ба кӯмаки мутахассисон муроҷиат мекард. Чун дарк мекард, ки худ пурра ва дуруст матни сурудро дарк кардааст, ба маънии он сарфаҳм рафтааст, мекӯшид то мазмуни онро ҳатман мутрибону навозандагони оркестраш аз бар намоянд. Ӯ маъмулан матни интихобкардаашро дар назди мутрибонаш чунон таҳлил мекард, ки бисёр вақт навозандагон пеш аз он ки оҳангро навозанд, аллакай матни таронаро пурра аз ёд медонистанд. Ин ҳолат ба онҳо дар вақти навохтани оҳанг хеле кӯмак мекард. Он гаҳ мусиқии онҳо ба матн гӯё болу пар мебахшид.
"Ба ҳавову ҳавас не, аз дилу ҷон мехонд шеърро. Ҳар шеъре ки мехонд, дигар шеъри шоир набуд. Шеъри Аҳмад Зоҳир буд. Дарди шоир бо дарди ӯ меомехту ба дарди бузурге табдил шуда, дар сурудҳояш ифода меёфт" - мегӯяд дар бораи ӯ дӯсташ овозхони тоҷик Ҷӯрабек Назриев.
Ба ҳама маълум аст, ки ғазалҳои шоирони классики форсу тоҷик маъмулан аз 6 - 7 то 12 - 14 ва ҳатто зиёдтар байтҳо иборатанд. Аҳмад Зоҳир агар матни ягон ғазалеро барои оҳанг бастан интихоб мекард, ҳатман ҳамаи он ғазалро ба пуррагӣ аз ёд мекард. Вале маълум аст, ки дар таронааш ба сабабҳои муайян ӯ на ҳамаи матнро месуруд. Байтуҳоеро, ки ӯ дар таронаҳои худ ҷой додааст, метавон гуфт, ки одатан шоҳбайтҳои ҳамон ғазаланд. Ҳамин байтҳо маъмулан ифодагари ҳолати рӯҳии худи Аҳмад Зоҳир дар ҳамон давраи эҷоди тарона низ ҳастанд. Аҳмад Зоҳир баъзе аз таронаҳои бар матни шоирони классик эҷодкардаашро, фикр мекунам, бо мақсадҳои муайяне дар чанд вариант сароидааст. Масалан, дар бойгонии мо ҳашт варианти

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё