Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

ФарҳангСанъат
Аз аввал хондан

ДАСТ АЗ ТАЛАБ НАДОРАМ ТО
КОМИ МАН БАРОЯД

Оҳангҳову таронаҳои Аҳмад Зоҳирро аз рӯи сабку
шеваи иҷроишашон ба чанд гурӯҳ метавон тақсимбандӣ
кард. Якум, гурӯҳи оҳангҳое, ки онҳоро Аҳмад Зоҳир ё
оҳангсозони афғонӣ дар пайравии сабку услуби оҳангҳои
анъанавии афғонӣ эҷод кардаанд. Дуввум гурӯҳи оҳангҳое
ҳастанд, ки онҳоро Аҳмад Зоҳир ё аз хазинаи бои санъати
мусиқии Ғарб гирифтааст, ё дар пайравӣ ба сабки ҳамин
мусиқии ғарбӣ онҳоро худ хондааст ва ё ягон оҳангсози
навовари афғонӣ аз қабили Салими Сармаст, Фазлаҳмади Найнавоз, Шоҳвалӣ Валии Таронасоз ё каси дигар барояш эҷод кардааст. Ба гурӯҳи сеюми оҳангҳои Аҳмад
Зоҳир оҳангҳое дохил мешаванд, ки онҳо ё аз хазинаи бою
рангини мусиқии ҳиндӣ гирифта шудаанд ва ё дар ҳамин
сабку шева Аҳмад Зоҳир онҳоро худ эҷод кардааст ва ё бо
хоҳиши ӯ ягон оҳангсози дигари афғонӣ. Гурӯҳи дигари
сурудҳои Аҳмад Зоҳирро метавон таронаҳое номид, ки бар
асоси оҳангҳои халқӣ эҷод шудаанд ва ё худ таронаҳои
халқӣ буда, онҳоро Аҳмад Зоҳир бо каме такмил сурудааст. Матни ин гуна сурудҳояш маъмулан аз эҷодиёти даҳонии халқ гирифта шудааст ё дар ҳамон услуб таснифсозе бароиш эҷод кардааст. "Лайлӣ - Лайлӣ - Лайличон, дилима кардӣ вайрон", "Лайлӣ Лайлӣ Лайлӣ дилбару дилдори ман астӣ", "Каҷаки абрӯят неши каждум аст", "Ханда
бар лабҳои туро, нозу адоҳои туро", "Дӯстат дорам ҳамеша, ҳамеша" ва ба монанди онҳо аз қабили суруду таронаҳои

пешина
аз 338
навбатӣ