Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

иҷроиши ин суруд дар байни ин ду овозхони шодравон дарк карда тавонад. Кароматуллоҳ қабл аз ҳама кӯшидааст, ки оҳангро бо ҳамон созҳои мусиқӣ навозад, ки мутрибони Аҳмад Зоҳир навохтаанд, ки ин худ дар он замон як навигариӣ буд. Ва дуввум таронаро дар ҳамон услуби Аҳмад Зоҳир худи ӯ иҷро кардааст. Таронаҳои Аҳмад Зоҳир овозхонҳои сершумори тоҷик хондаанд. Вале ин таронаҳо дар иҷрои Кароматуллоҳи шодравон рангу таровати худро ҳеҷ гоҳ гум накардаанд, баръакс ҳамон меҳру муҳаббати беандоза бузурге, ки Кароматуллоҳ ба Аҳмад Зоҳир ва ҳунари ӯ дошт, ба ӯ кӯмак кардааст, ки сурудҳояш аз дил берун шаванду ба дилҳо роҳ ёбанд. Оё сурудҳои "Ай подшаҳи хубон, дод аз ғами танҳоӣ", "Ба соғар нақл кард аз ҳум шароб оҳиста - оҳиста", "Танҳо шудам, танҳо шудам"- ро дар иҷрои Кароматуллоҳи Қурбон шунидаед? Пас барои он ки ба ин суханҳо боварӣ ҳосил кунед, онҳоро бори дигар бишунавед.

Умуман, тақдири Кароматуллоҳи Қурбон то андозае ба қисмати овозхони дӯстдоштааш Аҳмад Зоҳир монанд аст. Кароматуллоҳ ба мисли Аҳмад Зоҳир дар ҷавонӣ соҳиби шӯҳрат шуд. Ӯ низ мисли Аҳмад Зоҳир бо оҳангҳои ҳиндиву ғарбӣ дилбастагии қавие дошт. Ӯ низ навовар буд. Ва асадбор он аст, ки Кароматуллоҳи Қурбон ба мисли Аҳмад Зоҳир дар овони каме бештар аз сисолагӣ дар оғози як фоҷиаи миллӣ дар кишвараш ба шаҳодат расид. Шояд дар он ки дар оғози чунин фоҷиаҳои бузурги миллӣ тири нахуст ба синаи бузургоне ҳамчун Аҳмад Зоҳир ва Кароматуллоҳи Қурбон мерасад, ҳикмати илоҳие нуҳуфта бошад. Шояд Худованди мутаъол онҳоро ҳамчун бандагони баргузидааш ба назди худ барои он хонд, то қалбҳои софу

пешина
аз 338
навбатӣ