Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа
буд аз нисфи зиёди филмро ба навор гирифт ва бахшид. Ба ёд биёред дӯстии Аҳмад Зоҳирро бо овозхонҳои маъруфи тоҷик устодон Ҷӯрабек Назриев (соли 1976), Ҷӯрабек Муродов (соли 1979). Бо истифода аз ин воқеият мешуд, ки як лаҳзаи ҷолибе дар филм пайдо шавад. Ё худ ворид кардан ба филм таърихчаи ба оҳанг даровардани таронаи "Туро сад бор гуфтам, ки ғуломат ман, ҳамин кофист"-и устод Мирзо Турсунзода ё ду таронаи устод Абдуллоҳ Қодирӣ аз сӯи Аҳмад Зоҳир кофӣ буд, ки саҳми ин филм ва худи Аҳмад Зоҳирро дар инкишофи робитаҳои фарҳангии ин ду кишвар боз бештар ҷилвагар созад. Вале мо ноумед нестем. Бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки ин иқдоми нахустин дар ин самт ибтикору ташаббусҳои зиёдеро аз ин ба баъд дар пай хоҳад дошт. Филми "Аҳмад Зоҳир-алмоси Шарқ"-ро мо ҳамчун нигоҳи як таҳиягари синамоии афғон ба кору зиндагии ин нобиғаи ҳунари мусикӣ арзёбӣ мекунем. Нигоҳи дигаре низ дар ин робита ҳатман рӯзе арзи вуҷуд хоҳад кард. Зеро Аҳмад Зоҳир аз ҷумлаи шахсиятҳоест, ки дар бораи осору зиндагонияш ихтилофи назарҳо вуҷуд доранд ва дар оянда низ ба вуҷуд хоҳанд омад. Чанде пеш яке аз дӯстони наздики Аҳмад Зоҳир, шоир ва оҳангсоз Сафиуллоҳи Субот дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки ба наворгирии филми сесоатаеро дар бораи Аҳмад Зоҳир ба анҷом расонда истодааст. Филм "Созҳову розҳо" ном дошта, мустанад мебошад. Дар он ӯ бори нахуст розҳоеро аз ҳаёти ин хунёгари беназир ифшо хоҳад кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё