Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа
ном бурдан мумкин аст. Муҳаббати самими ба истеъдод ва ҳунари Аҳмад Зоҳир дар дили баъзе аз ин овозхонҳо ба мисли Субҳони Саид ва Наҷмиддини Қаландар чунон қавӣ ҷой гирифтааст, ки дар васфи ӯ аввали таронаи эҷодкардаи оҳангсози маъруф ва навҷӯи тоҷик Амирбеки Мӯсо "Садои Аҳмад Зоҳир" бар матни шоири маъруф Низом Қосим, дуввумӣ суруди "Зоҳир, ай Зоҳир" - ро бар матни шоир Олимхон Исматӣ хеле ҳам самимона сурудаанд. Аз байни овозхонҳои номбурда ба репертуари Аҳмад Зоҳир Зулфиқори Азиз ва Наҷмиддини Қаландар аз ҳама бештар таваҷҷӯҳ зоҳир карданд. Овозхонҳои дар боло ёдшудаи тоҷик ҳарчанд ҳар кадом сабку услуби худро доранд, вале боз ҳам дар вақти хондани сурудҳои Аҳмад Зоҳир кӯшиш мекунанд, ки тароватҳои таронаҳои дилкаши ӯро ба мухлисони имрӯзааш бо истифода аз ҳунару истеъдоди худ бирасонанд. Овозхонҳои имрӯза нисбат ба ҳофизони даврони Аҳмад Зоҳир як бартарии хеле калон доранд.
Ҳоло дар ихтиёри онҳо микрофонҳои хеле ҳассос ва дастгоҳҳои аз ҷиҳати техникӣ пешрафтаи сабткунӣ ва инчунин асбобҳои мусиқии электронии нодир қарор доранд, ки ин чиз дар ҳунари овозхонии имрӯза аз аҳамияти калон бархурдор аст. Бинобар ин бо истифода аз ин имкониятҳо имрӯза овозхонҳое, ки ба таронаҳои Аҳмад Зоҳир рӯ овардаанд, оҳангҳои ӯро хеле нозуку дилчасп ва гуфтан мумкин аст, ки аҳён - аҳён бо ороиши аҷибе менавозанд. Барои мисол аз албомҳои баъзе аз овозхонҳои тоҷик Субҳон Саидов, Наҷмиддини Қаландар, Ҷамшеди Низом, Парвизи Пулодӣ ва Фурқати Саид мисол меорем.
Бояд гуфт, ки ҳар кадоме аз ин сарояндаҳо ба нишони эҳтиром ба ин овозхони бузург дар албомҳои худ як ё ду таронаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё