Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа
I. АЗ ХОНАДОН ТО ҶОВИДОН
МАРО ЧУН ҚАТРАИ АШКЕ ЗИ
ЧАШМ АНДОХТӢ РАФТӢ
Аҳмад Зоҳир дар қабулгоҳи раҳбари студияи телевизиони Кобул интизори дӯсташ Забеҳулло буд, ки кай аз назди раис мебарояду ӯро барои сӯҳбат ба он ҷо даъват мекунад. Забеҳулло бояд раисро аз ташриф овардани овозхони маъруф огаҳ мекард. Аҳмад Зоҳир дар хусуси сабти як консерташ дар телевизиони давлатӣ бо раис мулоқот карданӣ буд. Аз чӣ сабаб бошад, ки дӯсташ Забеҳулло таъхир кард. Ин боис гардид, ки кабӯтари хаёли Аҳмад Зоҳир ба парвоз дарояд...
Беш аз понздаҳ сол аст, ки овозхонӣ мекунад. Писанди алоқамандону мухлисони зиёде гардидааст. Дар ин байн ҳазорҳо консертҳояш аз тарафи мухлисону ҳаводоронаш, аз сӯи кормандони радиои Афғонистон, ширкатҳои наворбардорӣ сабт шудаанду ба миқдори миллионҳо коссети тайпиаш (магнитофонӣ) ба фурӯш бароварда шудааст. Аксҳояш қариб, ки дар ҳар дӯкону мағозаву хонаи мухлисонаш ба чашм мехӯранд. Вале як чизро ӯ надорад. Сабти наворҳои телевизиониро. Аслан барои набудани чунин сабтҳо бештар худи ӯ сабабгор буд. Намехост, ки теъдоди мухлисони консертҳои ба истилоҳ "зиндааш"- ро коҳиш диҳад. Ӯ дар ҳамин ақида буд, ки телевизион барои рушду камоли овозхон чандон мусоидат намекунад. Вале вақтҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё