Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа
охир аз чӣ сабаб бошад, ки мухлисону алоқамандонаш, дӯстони наздикаш аз ӯ бисёр хоҳиш мекарданд, ки суруду оҳангҳои худро дар телевизион низ сабт намояд. Ба ин талабу дархостҳо шояд ин дафъа ҳам мисли пештара муносибат мекард, агар рӯйдоде хотири ӯро мушавваш намесохт. Соли 1976 ҳангоми сафараш ба Эрон ходимони телевизиони Теҳрон ӯ ва дӯстонаш овозхонҳои ҷавон Аҳмад Валӣ ва хонум Маҳвашро ба студия даъват карда, як консерти муштараки онҳоро ба навор гирифта буданд. Баъдҳо аз бисёр касон шунида буд, ки он консерт такрор ба такрор аз телевизиони Теҳрон ба марҳази намоиш гузошта мешудааст. Вале чанде пеш ба гуфтаи бархе аз шиносҳояш ҳукуматдорони нави Эрон намоиши консертҳои тафреҳиро аз тариқи телевизион манъ кардаанд. Имкон дорад, ки наворҳои ӯро, аниқтараш консерти телевизионии ӯро аз байн бурда бошанд. Охир, ҳар кор шуданаш мумкин ҳаст. Барои ҳамин ҳам бар хилофи одати дерина розӣ шуд, ки имрӯз ба инҷо биёяду сурудҳои ба тозагӣ эҷодкардаашро сабт намояд.
Садои нимроғ шудани дари утоқи раис мурғи хаёли Аҳмад Зоҳирро ба гӯшаи боми ҳастӣ фаровард.
Раис соҳиб, барномаи "Зан ва ҷомеа"-ро агар имрӯз сабт карда натавонистем, боке нест. Ба ҷои он метавонем барномаи "Сарбози Ватан"-ро такроран намоиш диҳем. Аҳмад Зоҳирро мо ҳар рӯз ба ин ҷо даъват карда наметавонем. Ӯ имрӯз худ лутф намудаву ба ин ҷо омадааст. Аз сӯи дигар, охир қаблан худи шумо ин чизро мехостед - ку?
- Не, намешавад, гуфтам - ку, намешавад. Охир, ӯ як ашрофзода аст. Агар дар боло фаҳманд, ки барои як ашрофзода мо сабти барномаи "Зан ва ҷомеа"-ро манъ кардем,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё