Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

СУЛТОНИ ҚАЛБҲО

ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон буд. Аҳмад Зоҳир дар қайди ҳаёт набуд. Ӯро ҷисман маҳв карда бошанд ҳам, дар он замон мо муҳоҷирини тоҷик ҳис мекардем, ки рӯҳи ӯ ҳамчун садояш зинда ва ҳамеша дар парвоз аст. Дар он солҳо ман бо даҳҳо тан аз мухлисону наздиконаш, ки ӯро хеле хуб дар ёд доштанд, мулоқотҳо кардаам. Дар бораи ҳаёти ӯ ҳиссаҳои рангине низ шунидаам. Мақбараи ӯро дар даврони ободиаш низ зиёрат кардам. Баъди бозгашт аз муҳоҷират ба Ватан боз ҳам ба Афғонистон сафарҳо доштам. Ин дафъаҳо ба ҳайси хабарнигор. Маҳз дар ҳамин давра дар дилам хоҳише пайдо шуд, ки чизе дар бораи ин овозхони дӯстдоштаам бинависам. Ҳамчун нишонаи эҳтиром ба ҳунари волои ӯ. Охир чизҳои мегуфтагӣ низ хеле зиёд аст. Ман дар ин сафарҳо бо бисёр аз дӯстону шогирдони Аҳмад Зоҳир, оҳангсозу шоироне, ки бароиш оҳангу шеър эҷод мекарданд, сӯҳбату мулоқотҳо доштам. Онҳо чизҳоеро ба ман нақл мекарданд, ки баъзеи онҳоро аввалин бор мешунидам ва дар матбуоти худамон аз ин пеш нахонда будам. Фикр мекунам, ки барои хонандаи тоҷик ин маълумотҳо шавқбарангезанд. Аз сӯи дигар кӯшиш ба ҳарҷ додам, ки суруду таронаҳои Аҳмад Зоҳирро аз дидгоҳу тавони як журналист ва як мухлисаш каме ҳам бошад баррасӣ намоям. Репертуари Аҳмад Зоҳир аз чанд суруду тарона иборат аст? Кадом мавзӯъҳоро дар бар гирифтааст? Ӯ чӣ гуна тавонистааст, ки мусиқии Ғарбу Шарқро оштӣ диҳад? Киҳо аз сарояндагони тоҷик сурудҳои Аҳмад Зоҳирро мехонанд ва чӣ гуна мехонанд? Аҳмад Зоҳир матнҳоро чӣ гуна барои сурудҳояш интихоб мекард? Киҳо аз шоирони форсизабон бештар мавриди таваҷҷӯҳи Аҳмад Зоҳир қарор гирифтанд? Дар он китобҳову мақолаҳое, ки

пешина
аз 338
навбатӣ