Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

МУҲАММАДЮСУФИ ДАВРОНЗОД

ХУНЁГАР

Худамро мебарам аз ёду ёде мекунам аз ӯ,
Ба шабҳое миёни нағмаҳои чанги хомӯшӣ.
Ба вақти ёди ӯ аз осмонҳо мешавад ҳамҷӯр
Навояш бо забони нағмаҳои чанги хомӯшӣ.

Мисоли обҳое, ки чаканд аз решаҳо бар хок,
Садояш мечакад аз решаи мӯ бар даруни ман.
Намояд тоза ин қанди садо хуни вуҷудамро,
Дарунам сабз мегардад ба монанди буруни ман.
Агар ӯ соф Зоҳир буда бо зоҳирпарастоне,
Барои ман зи баъди Борбад ӯ Борбад буда.
Ҳама хунёгарони бодӣ андар пеши ӯ ҳеҷанд,
Бароям то абадҳои абад ӯ Борбад буда.

Кашид ӯ бо кашиши нағмааш бо дилкашолиҳо
Ба Шарқаш ғарбзодеро, ки расми мо намедонист.
Ба дунё Шарқро чун тарҷумоне тарҷумонӣ кард,
Зибаски ӯ забони ҷумла дилҳоро ҳамедонист.

Агар аз чор сӯ халқе ба сӯяш рӯй гардонид,
Ба Кобул чанд берӯе зи рӯяш рӯй гардонид...
Намегардад забонам, то бигӯям рафта ӯ аз даст,
Зи бефанҳои давраш гарчи дар печи кафан хоб аст.

пешина
аз 338
навбатӣ