Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

ҶАМШЕДИ РАҲИМЗОД

ОНАМ, КИ ҶАҲОН,
БО ДАМИ ОВОЗ ГИРИФТАМ

БА ЁДИ БУЛБУЛИ ШӮРИДАИ ШАРҚ, ОН САДОИ МУҚТАДИРЕ,
КИ ТАКОНБАХШИ ИЛҲОМИ ШОИРИИ МАН АСТ - АҲМАД ЗОҲИР
(АЗ ЗАБОНИ ХУДИ ҲОФИЗ САДО ДОДААСТ)

Аз рӯи маҳи вола сарандоз гирифтам,
Аз барги гули лола пайандоз гирифтам.
Овозаи овози маро Муштарӣ бишнид,
Аз сӯзи дили Зӯҳра каме соз гирифтам.
Бигзашта зи худ то ба Худо рафта расидам,
Аз тори садо чун хати парвоз гирифтам.
З-асрори гулу булбули шӯридаи шайдо,
Бо дасти наво фарҷираки роз гирифтам.
Дилбохтагии ҳунари мусиқиро ман,
Аз Борбади раҳматӣ мерос гирифтам.
Хуштолеъӣ бин, бо ивази нағмаи хубе,
Аз умри азиз умри пасандоз гирифтам.
Куштан натавонад аҷалам, бахти кам аст ин?
Анҷом пазируфтаму оғоз гирифтам.
Бо лутфи сухан Ҳофиз агар гашта ҷаҳонгир,
Онам, ки ҷаҳон, бо дами овоз гирифтам.
Чун ман накунад нола диле вола, кунун як
Ман рози куҷо дод Худо, боз гирифтам.

пешина
аз 338
навбатӣ