Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

ифои вазифа намудааст. Солҳои 70-уми асри гузашта чанд муддат сафири Афғонистон дар Ҳиндустон низ будааст. Аз издивоҷ бо хонум Қурайша соҳиби чор фарзанд: Осиф (1932-2000), Зоҳира, Аҳмад ва Билқис мешавад. Доктор Абдузоҳир, ки марди соҳибмаълумот ва аз адабиёту фарҳанги ниёгон бохабар буд, таълиму тарбияи фарзандонашро хеле хуб ба роҳ мемонад. Шояд ҳамин таваҷҷӯҳи зиёди падар ба тарбияи фарзандон буд, ки Аҳмад Зоҳир аз хурдсолӣ ба шеъру адаб, ҳунари мусиқӣ меҳр баста буд. Муҳити хонаводагӣ ба ин чиз мусоидат мекард. Аҳмад Зоҳир аз ҷиҳати моддию маънавӣ ҳеҷ гуна маҳрумиятеро эҳсос намекард. Тибқи ақидаи баъзеҳо ин муҳит ӯро бояд фориғболу маишатпараст тарбия менамуд. Чунки аксаран фарзандони намояндагони қишри дорои ҷомеа ба ҳамин дарди иҷтимоӣ гирифторанд. Вале Аҳмад Зоҳир дар ин байн аз зумраи истисноҳо ба назар мерасид. Ӯ бо завқу рағбати Худодод аз овони хурдсолӣ ба омӯзиши илму ҳунар пардохт.

Тибқи иттилои баъзе аз касоне, ки хонаводаи Аҳмад Зоҳирро аз наздик мешинохтанд, ӯ аз синни хурдӣ ба навохтани асбобҳои мусиқӣ ва овозхонӣ рағбат дошт. Аҳмад Зоҳир, махсусан навохтани ҳармонияро дӯст медошт. Дар ҷашнҳои хонаводагӣ ӯ бо ҳамин асбоб бештар овозхонӣ мекард. Мандалин ва аккордеонро низ хеле хуб менавохт.

Дар матбуоти мо мақолаҳое ба нашр расидаанд, ки гӯё падари Аҳмад Зоҳир зидди ба мусиқӣ ва овозхонӣ сару кор гирифтани писараш будааст. Ҳатто дар ин замина гӯё байни падару писар ихтилофи шадиде рух дода бошад.
Албатта ин дур аз ҳақиқат аст. Гап дар дигар ҷо ҳаст. Дар он замонҳо намояндагони қишри болоии ҷомеаи афғонӣ

пешина
аз 338
навбатӣ