Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

СУЛТОНИ ҲАМАД

Як назар кун, бин сафои мо куҷост?
Партави меҳру вафои мо куҷост?
Нури чашми дӯстони мо, чӣ шуд?
Дилбари пири муғони мо чӣ шуд?
Нолаи мо, нағмаи мо, сози мо,
Дилбари мо, ишқи мо, дамсози мо,
Ҳасрато, акнун ки сур аз соз рафт,
Мастӣ ҳам аз най, ҳам аз овоз рафт.
Зоҳир, эй ёри вафодори ҳунар,
Бо ғурубат нағмаҳо шуд беасар.
Эй рафиқи сарзамини созу чанг,
Нолаҳоят созҳоро дод ранг.
Эй рафиқи сарву боғу бӯстон,
Эй ту нури дидаи пиру ҷавон.
Мо зи созат сӯзҳо андӯхтем,
Машъале дар анҷуман афрӯхтем.
Эй вафодори ҷаҳони ишқу роз,
Эй навопарварда булбули нағмасоз.
Эй навоят бозгӯи розҳо,
Эй ту ҷони мо навои созҳо.
Рафт дил аз синаам бо рафтанат,
Сар фидои ҷойгаҳи хуфтанат.

Муаллифи марсия маълум нест. Онро аз барномаи ёдбуди Аҳмад Зоҳир, ки соле баъд аз вафоти ин хунёгар аз тариқи радиои Кобул садо додааст, сабт ва рӯи коғаз овардем.

пешина
аз 338
навбатӣ