Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа
ҷаноби Аскарзода инчунин саҳнаеро нишон дод, ки Аҳмад Зоҳир аввалин маротиба аз он ҷо суруди нахустини худ "Ай булбули шӯрида шӯр аз ту фиғон аз ман"-ро хондааст. Дар ҳамон вақт дастаи ҳунарии лисаи "Ҳабибия"-ро як тан аз донишандӯзони ҳамин лиса Масҳур Ҷамол, ки баъдан ҳамчун оҳангсоз ва овозхони варзидаи кишвар эътироф мешавад, роҳбарӣ мекардааст. Баъд аз он ки Аҳмад Зоҳир ин таронаро соли 1961, дар 15-солагӣ бори нахуст аз саҳнаи театри "Кобул Нандорӣ" бузургтарин саҳнаи ҳунарии кишвар мехонад, ҳама ӯро "Булбули Ҳабибия", "Ситораи Ҳабибия" мегуфтагӣ шуданд.
Соли 1964 дар синни 18-солагӣ Аҳмад Зоҳир нахустин концерташро доир намуд. Тӯли беш аз ду соат ӯ дар ин концерт ба танҳоӣ ҳунарнамоӣ кард. Баъди ин концерт мусиқишиносону оҳангсозон аз хусуси дар осмони ҳунари Афғонистон тулӯъ кардани ситораи нав хабар доданд. Овозхони ҷавон тамоми он хусусиятҳоеро, ки як ситораи ҳунар бояд дошта бошад, яъне овози хуб, маҳорату малакаи интихоби хуби матну оҳанг ва тарзи иҷрои хуби сурудро, доро буд. Услуби сарояндагии Аҳмад Зоҳир аз услуби овозхонҳои ҳамзамонаш хеле фарқ мекард. Ӯ дар баробари асбобҳои суннатӣ, аз қабили рубобу наю тамбӯру сетор асбобҳои мусиқии аврупоӣ аз қабили аккардеон, пионино, мандолин ва гиторро хеле васеъ истифода мекард. Нахустин ҳунарманди Афғонистон ҳаст, ки асбобҳои мусиқии барқиро истифода кардааст. Оҳангҳои эҷодкардаву интихобнамудааш низ навоварие дар ҳунари мусиқӣ ба ҳисоб мерафтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё