Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

"Муборак" аз байн рафта бошад. Чунки дар ягон навор ё албомҳои Аҳмад Зоҳир онро дигар пайдо накардам, агарчанде барои ёфтанаш кӯшишҳои зиёде ба харҷ дода бошам ҳам. Вале хушбахтона, баъди чопи он мақола ду нафар аз мухлисони Аҳмад Зоҳир, яке хабарнигори рӯзномаи "Чархи гардун", бонуи бофарҳангу донишманд Тӯҳфа Аҳмадова ва дигаре корманди бозори "Корвон", ҷавони санъатдӯст Миралӣ ба ман хабари хуш доданд, ки ин сурудро онҳо чандин сол ҳаст, ки дар бойгонии худ маҳфуз медоранд. Суруд бевосита аз радиои Афғонистон дар замони салтанати Муҳаммад Довуд сабт шудааст. Бовар кунед, ки кори онҳо на камтар аз амали фарде ҳаст, ки як ёдгории нодири таърихиеро ҳифз карда бошад. Охир, агар "биноҳои обод зи борону барфу тобиши офтоб хароб" шаванд аз байнбарандаи қасрҳои маънавии бузургони фарҳангу ҳунар маҳз ҳаводиси рӯзгор аст. Ин мисол зарурати ҳарчӣ зудтар гирдовардану ба як низому тартиб даровардан ва интишори кардани осори Аҳмад Зоҳир ва дигар бузургони фарҳангу ҳунарро таъкид менамояд.

БӮИ ТУ ХЕЗАД ҲАНӮЗ,
БӮИ ТУ АЗ БИСТАРАМ!

Агар дар бораи Аҳмад Зоҳир ҳарф бизанему аз оиладории ӯ, аз муносибати ӯ ба занҳо чизе нагӯем, пас ин монанди он аст, ки дар бораи нони гарм гуфтаему аз танӯр фаромӯш кардаем.

Дар бораи ҳаёти оилавии Аҳмад Зоҳир маълумотҳо хеле кам ва зидду нақизанд. Баъзеҳо бар онанд, ки Аҳмад Зоҳир дар тӯли умри кӯтаҳи худ се бор издивоҷ намудааст. Чунончи акои Абдулваҳҳоби Мададӣ дар китоби дар

пешина
аз 338
навбатӣ