Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

буд, ки баъди таваллуди фарзанд шояд муносибати овозхон ба ӯ тағйир меёбад. Дар ин байн Аҳмад Зоҳир пинҳонӣ аз Холида ба як хонуме, ки дар ҳақиқат дӯсташ медошт, издивоҷ мекунад. Фахрия қабл аз ба Аҳмад Зоҳир хонадор шудан як бори дигар издивоҷ карда буд. Сабаби аз шавҳари аввалааш ҷудо шудани Фахрия маълум нест. Вале ҳаминаш маълум аст, ки Аҳмад Зоҳир баъди бо Фахрия дучор шудан нисбатан оромии рӯҳӣ ва як беҳбудии нисбиеро дар ҳаёти худ дарк мекунад ва Фахрияро на танҳо ҳамчун маҳбубае медонад, балки ӯро яке аз маслиҳатгар ва машваратчиёни худ дар ҷодаи овозхонӣ мепазирад. Воқеан, навори синамоие, ки Аҳмад Зоҳирро дар табиат, дар лаби дарё дар ҳоли ҳаракат нишон медиҳад, тавассути ҳамин Фахрия шоме дар Қарга ном мавзеи наздики Кобул сабт шудааст, мегӯяд Самади Дор-Дор.

ДИЛ НЕСТ КАБӮТАР,
КИ ЧУ БАРХОСТ НИШИНАД

Оғози фоҷиаи Аҳмад Зоҳирро бисёриҳо рӯзе медонанд, ки ҷасади Холидаи нокомро наздиконаш аз доманаи кӯтали Хайрхонаи наздики Кобул пайдо мекунанд. Табиист, ки бо он муносибате, ки Аҳмад Зоҳир бо Холида дошт, дар ин лаҳза ангушти иттиҳом дар қатли Холида пеш аз ҳама ба сӯи ӯ ва ёронаш нигаронида мешавад. Худи ҳамон рӯз Аҳмад Зоҳирро дар хонаи Фахрия боздошт намуда ҳамроҳ бо ӯ дигар дӯстони наздикаш — Самади Дор-Дор, зани ӯ Шукрия, Довуд ва боз чанд нафари дигар, аз ҷумла овозхони маъруф хонум Парастуро низ бо гуноҳи даст доштан дар куштори Холида ба зиндон мепартоянд. Тафтишоти ин ҷиноят беш аз шаш моҳ идома меёбад. Билохира,

пешина
аз 338
навбатӣ