Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

ва ҳатто норизогии минбаъдаи Аҳмад Зоҳир аз ҳукумати Муҳаммад Довуд дар ҳамин бошад. Чунин тахминҳо ва фарзияҳо вуҷуд доранд. Вале ҳатман сабабҳои дигаре низ вуҷуд доштанд. Таҳқиқи амиқи онҳо ба вақт эҳтиёҷ дорад. Ҳарчӣ кӣ набуд маҳз дар замони салтанати Муҳаммад Довуд, соли 1975 Аҳмад Зоҳир зиндонӣ мешавад. Тибқи маълумоти расмӣ Аҳмад Зоҳир ба куштори занаш Холида муттаҳам мешуд.

Радиои "Овози дӯст"-и Покистон бошад дар барномаи "Сӯҳбати Кокоҷон" Аҳмад Зоҳирро он давра маҳбуси сиёсӣ эълон кард. Профессор Худойназар Асозода дар мақолаи ба Аҳмад Зоҳир бахшидаи худ ба масъалаи зиндонӣ шудани овозхон даҳолат карда, ақидаи муаллифони китоби "Боз омадам"-ро дар бораи он ки сабабҳои маҳбасӣ шудани Аҳмад Зоҳир гӯё сурудҳои инқилобии ӯ будаанд, рад мекунад. Худойназар Асозода ва олими дигари шинохтаи тоҷик, овозхони маъруф, дӯсти Аҳмад Зоҳир Ҷӯрабек Назриев ҳамон вақтҳо дар Афғонистон иҷрои вазифа мекарданд, дар сӯҳбат бо муаллифи ин сатрҳо сабаби зиндонӣ шудани Аҳмад Зоҳирро дар муттаҳам донистани ӯ ба куштори ҳамон Холида маънидод кардаанд.

Бино ба гуфтаи Ҷӯрабек Назриев бо дарназардошти он хислату хулқе, ки Аҳмад Зоҳир дошт, ӯ ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонист ҳатто мӯреро озор бидиҳад, куштани зан он тараф истад.

Бино ба гуфтаи дӯстони наздики Аҳмад Зоҳир, махсусан Самади Дор-Дор, овозхон дар тӯли умри кӯтоҳи худ камаш се бор ба маҳбас кашида мешавад. Чи тавре ки қаблан зикр кардем, бори нахуст барои рад кардани пешниҳоди издивоҷ бо Холида ба моҷаро кашида мешавад ва

пешина
аз 338
навбатӣ