Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

телевизион хориҷ нашаваду илоҷи масъаларо якҷо меёфтем. Оҳ, Худоҷон, забонам намегардад... Як ҳафта пас аз вуқӯъи ин ҳодисаи ногувор дар телевизион фоҷиае дар Соланг рух дод... Аҳмад Зоҳирро ба шаҳодат расониданд...

Ба назарам чунон намуд, ки китфони Забеҳулло меларзанд. Ба симояш дурустар назар андохтам. Ашкеро, ки ба рухсорааш чакида буд, бо кафи дасташ пок мекард.

КИСТ ДАР ШАҲР, КИ АЗ ДАСТИ
ҒАМАТ ДОД НАДОШТ?

Кист Аҳмад Зоҳир, ки бо гузашти беш аз 25 сол аз марғаш бо овардани танҳо ёде аз ӯ қалбҳо ба дард меоянду ашкҳо аз чашмҳои дӯстонаш чун қатраҳои борон ҷорӣ мешаванд? Ӯ чӣ гуна инсон буд? Ӯ чӣ ҳунаре дошт? Чӣ афсуне кардааст онҳоро, ки наметавонанд фаромӯшаш кунанд? Ба тарзи умум имрӯз дар рӯи замин ягон тоҷик ё худ форсизабони каму беш аз фарҳанг бохабаре ёфт намешавад, ки надонад, ки Аҳмад Зоҳир кист ва ё суруду оҳангҳои ӯро нашунида бошад. На танҳо форсизабонон, балки намояндагони дигар ақвому миллатҳо, ки дӯстдори санъати овозхонии ҳақиқатан асилу воло ҳастанд, имрӯз Аҳмад Зоҳирро хуб мешиносанд. Сурудҳояшро замзама мекунанд. Оё сурудхонии русдухтараки шашсола дар барномаи хеле ҳам маъруфи «Поле чудес»-и телевизиони ҷамъиятии Русия, ки суруди машҳури Аҳмад Зоҳир «Бевафо ёрам»-ро бо забони тоҷикӣ ва лаҳни кӯдакона то ба охир дар таҳти мавҷи кафкӯбиҳои мухлисони дохили толори студиё сароид, далели он шуда наметавонад, ки оҳангу таронаҳои ин хунёгари нотакрор ҳатто қалби кӯчаки тифлонро низ тасхир намудааст?

Сароиндаи ҷавони ӯзбек Сайёра Қозиева бо истифода

пешина
аз 338
навбатӣ