Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа
бовар кунед, аҳволамон хароб мешавад.
Аҳмад Зоҳир, ки ин лаҳзаи сӯҳбати Забеҳуллоро бо раиси телевизион баръало мешунид, бе он ки ба утоқи раис ворид шавад, Забеҳуллоро ба назди худ ҷеғ зад:
- Ӯ бача, як лаҳза ин ҷо биё! Бубахш, Забеҳуллоҷон, як кори оҷил пайдо шуд. Ман бояд он ҷо бошам.
Аҳмад Зоҳир инро гуфту баъди худоҳофизӣ аз ҳавлии телевизион башиддат хориҷ шуд.
Ин қиссаро ман аз забони худи Забеҳуллои Амонёр дар ҳамон утоқе, ки ин ҳодиса рух дода буд, шунидам. Бо Забеҳулло, журналист ва овозхони афғонӣ, яке аз шогирдони Аҳмад Зоҳир, дар долони утоқи раиси телевизиони Кобул тасодуфан вохӯрдам. Ман интизори мусоҳиба бо раис будам. Ӯ бошад барои ҳалли масоили шахсияш мунтазири мулоқот бо раис буд.
-
Раисе, ки дари студияро ба рӯи Аҳмад Зоҳир баста буд, феълан дар Афғонистон нест. Ӯ дар ким кадом давлати хориҷа умр бар сар мебарад. Ӯ қирои онро надорад, ки ба бадӣ ҳам бошад, номашро бигирем. Вале..., - гӯён Забеҳулло каме сукут карду сипас суханашро боз идома дод:
-
Вале имрӯз аз фарозу баландии айём мебинем, ки он рӯз он ноҷавонмард дари студияро ба рӯи Аҳмад Зоҳир не, балки дари санъату ҳунари асилро ба рӯи мо ва насли баъдинаи натанҳо Афғонистон, балки тамоми форсизабонони дунё ва умуман мардуми ҳунарпарвари олам баста будааст. Оҳ, кошкӣ он рӯз ман дар назди он раҳбари кӯрдили лаънаткардаи халқ ба зону мезадаму бо зораву тавалло ӯро розӣ мекардам, ки студияро ба ихтиёри Аҳмад Зоҳир вогузорад. Оҳ, кошкӣ бо оҳу нолаам Аҳмад Зоҳирро аз аспи ғурур поин мефаровардам, то саросемавор аз дафтари

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё