Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

тавассути ҳамин Залмай хунсо гардида будааст. Аҳмад Зоҳирро ӯ сари вақт аз ин сӯқасд огоҳ мекунад ва Аҳмад Зоҳир сафарашро оҷилан қатъ месозад ва ба Кобул бармегардад. Бо гуфтаи дӯстони Аҳмад Зоҳир Ҳафизуллоҳ Амин чанд бор бо Саид Довуд Талун дар робита бо муносибати ӯ бо Аҳмад Зоҳир сӯҳбат доштааст. Талун мудом мегуфтааст, ки ӯ нисбати Аҳмад Зоҳир ягон нияти бад надорад. Вале боре ҳодисае рух медиҳаду Талун онро фурсати муносиб барои иҷрои нияти нопоки хеш медонад. Воқеа ҳини концерти Аҳмад Зоҳир дар вазорати молия рух медиҳад. Дар концерт ба ҷуз аз нафарони аввали ҳукумат тамоми аъзои Бюрои сиёсии Ҳизби Халқи Демократии Афғонистон бо ҳамроҳии аҳлу хонаводаашон ширкат доштанд. Аз он ҷумла Ҳафизуллоҳи Амин ба шумули духтараш Гулгутой дар ин концерт ҳузур доштааст. Дар вақти овозхонии Аҳмад Зоҳир борон меборид. Чун концерт дар фазои кушод мегузашт Аҳмад Зоҳир лаҳзае сурудхониро қатъ намуда болопӯши чармини сиёҳи худро аз тан кашида аз саҳна поин мешавад ва болопӯшро ба китфони нозуки духтари Амин Гулгутой бор мекунад. Ин лаҳзаро баъдан хурду калон, дӯстону душмани Аҳмад Зоҳир ба таври хеш ташреҳ медиҳанд. Аз ҷумла Саид Довуди Талун онро барои худ фурсате барои оғози иҷрои мақсадҳои касифаш медонад.

Дӯстони Аҳмад Зоҳир мутмаинанд, ки Амин ба қатли Аҳмад Зоҳир ба он хотир розигӣ додааст, ки мавҷудияти ӯро аз як тараф латмае ба иззати нафси хонаводаи худ дониста бошад, аз тарафи дигар дар симои ӯ шахсиятеро дидааст, ки дар оянда барои ҳукуматаш душвориҳоеро пеш оварда метавонад.

пешина
аз 338
навбатӣ