Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа
СУЛТОНИ ҚАЛБҲО
Чӣ шуд, ки рехт ба ҳам боз ошёнаи мо?
Зи ҳам гусехт чаро тору пуди хонаи мо?
Мабош дар паи озори мо, ки метарсам,
Ҷаҳон ба бод диҳад нолаи шабонаи мо!
Аҳмад Зоҳир дар як кассети махфилиаш дар вақти хондани суруди "Эй подшоҳи хубон, дод аз ғами танҳоӣ" "бар падари торикӣ лаънат", - гӯён шиор мепартояд. Мухлисонаш ба ӯ ҳамовоз мешаванд. Сипас дар давоми ҳамин суруд баъди хондани байти
Фикри худу роҳи худ дар олами риндӣ нест
Куфр аст дар ин мазҳаб худбиниву худроӣ.
ӯ ба шунавандагон муроҷиат карда мегӯяд: "Гӯш кунед, (шоир С.Ҳ.) диктатуриро мегӯяд" ва боз такроран ҳамон байтро месарояд. Сипас нақороти сурудро мехонад:
Эй подшоҳи хубон, дод аз ғами танҳоӣ,
Дил бе ту ба ҷон омад, вақт аст, ки боз оӣ.
Дӯстону наздикони Аҳмад Зоҳир мегӯянд, ки "торикӣ" гуфта овозхон роҳбари ҳамон вақти давлатии Афғонистон Нурмуҳаммад Тарақиро дар назар дошт ва диктатурӣ гуфта ҳукумати ӯро. "Подшоҳи хубон"-и Аҳмад Зоҳир шоҳи дар ҳамон вақт фирорӣ Муҳаммад Зоҳиршоҳ будааст.
Вақти хондани суруди дигар "Бигзарад, бигзарад, умри ман бигзарад" ӯ ба ҷои "умри ман" калимаи "торикӣ", яъне "Бигзарад, бигзарад, торикӣ бигзарад" мегӯяд.
Дар суруди дигараш, ки "Ин шеърро барои ту мегӯям"

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё