Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

ФарҳангСанъат
Аз аввал хондан

ки нолаи ба дил гиреҳ шудаашро бикушояд, ӯ дар пайи ёфтани роҳи биёбон аст, ки аз хонаи ба қафас табдилгаштааш бигурезад, ӯ дар талаби боронест, ки болои киштзори сӯхтааш бирезад. Билохира ӯ мебинад, ки байни хубу бад дар зиндагӣ фарқе намондааст ва дар орзуи Деҳқоне мешавад, ки ин ҳамаро аз ҳам ҷудо созад:

Нола ба дил шуд гиреҳ роҳи найистон куҷост?
Хона қафас шуд ба ман тарфи биёбони куҷост?
Дар тафи ин бодия сӯхт саропо танам.
Мазраъам оташ гирифт, нам - нами борон куҷост?
Хубу бади зиндагӣ бар сари ҳам рехтанд,
То кунад аз ҳам ҷудо бозуи деҳқон куҷост?

Фаҳрия зани Аҳмад Зоҳир дар сӯҳбат ба шодравон Муҳиддини Олимпур мегӯяд, ки яке аз охирин сурудҳои машҳураш "Худо бувад ёрет"-ро овозхони маъруф ба муҷоҳиддин бахшида будааст, ки ҳамон вақтҳо алайҳи режими нав ба мубориза бархоста буданд. Муҳиддини Олимпур соли 1994 ҳини сафар дар иёлоти Вирҷинияи ИМА аз ӯ дар бораи Аҳмад Зоҳир пурсон мешавад. Дар ҳамин мусоҳиба, ки аз тариқи бахши форсии радиои БИ-БИ-СИ ҳамон рӯзҳо садо дода буд, Муҳиддини Олимпур аз Фаҳрия чунин суол мекунад:

" - Барои чӣ дар телевизиони Афғонистон фақат ду суруди Аҳмад Зоҳир сабт шуда? Дар ҳоле, ки ин қадар шӯҳрат дошт, ин қадар хонандаи сол лақаб гирифта буд?

  • Барои аз ики хонданиҳое, ки Аҳмад Зоҳир мехост сабт куна увора онҳо иҷоза намедоданд, ва оҳангҳое, ки уво мехостанд Аҳмад Зоҳир бухона, Аҳмад Зоҳир намехонд. Охирин
пешина
аз 338
навбатӣ