Зеҳн
Султони қалбҳо (Султони Ҳамад)

Китоб ба ҳаёт ва эҷодиёти сарояндаи маъруф Аҳмад Зоҳир бахшида шудааст. Дар он маълумот доир ба пайвандон, осор ва таҳлили суруду таронаҳои ин ҳунарманд оварда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 20 октябри 2026 · 338 саҳифа

СанъатФарҳанг
Аз аввал хондан

Аз як овозхони хеле маъруфу маҳбуби миллат шунидани чунин як таронае, ки оҳанги инқилобӣ дошт, албатта барои роҳбарони ҳукумат чандон гуворо набуд. Бидуни шаку тардид ин гуна таронаҳо ҳукуматдоронро нигарон месохтанд ва онҳо бешубҳа дар паи дарёфти илоҷи "овозхони хатарнок" кӯшишҳо ба харҷ медоданд. Зеро шеваи рафтори роҳбарони онвақтии Афғонистон аз тарзу амали ҳукуматдорони солҳои 37 - уми шӯравӣ кам фарқ дошт.
Дурустии ин фарзияро муносибати ҳукуматдорон бо шоҳидони асосии куштори Аҳмад Зоҳир низ тақвият мебахшад. Дурустии ин фарзияро ҳодисае, ки бо дӯсти тоҷики Аҳмад Зоҳир, овозхон ва олими шинохта Ҷӯрабек Назриев иттифоқ уфтад, низ тасдиқ мекунад.

Баъд аз он ки Ҷӯрабек Назриев бо Аҳмад Зоҳир соли 1976 дар Кобул шинос шуда робитаи дӯстӣ барқарор мекунад, ин хабар ба мақомоти амниятии шӯравӣ мерасад.
Бо тавсияи онҳо Ҷӯрабек Назриев баъди чанде ба Тоҷикистон даъват карда мешавад ва ба ӯ дигар иҷозаи бозгашт ба Афғонистонро намедиҳанд. Хабарнигори рӯзномаи парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Садои мардум"
Пури Ҷаҳонгир дар як мусоҳибае, ки 22 майи соли 1999 бо Ҷӯрабек Назриев карда буд, он замонҳоро ба ёд оварда аз ӯ мепурсад:

"- Бубахшед, ҳамон вақтҳо дар атрофи дӯстии шумову Аҳмад Зоҳир қиссаҳои зиёде мекарданд. Аз ҷумла овозаҳо буд, ки маҳз ба хотири ҳамин дӯстии шумо пеш аз мӯҳлат аз Афғонистон баргаштед?

  • Рост аст. Рухсатӣ омадем дигар рафтан намонданду
    овоза карданд, ки Аҳмад Зоҳир гумоштаи разведкаи Амрикост, бо СРУ алоқа дораду маро ҳам пули зиёд додаанд,
пешина
аз 338
навбатӣ