Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

Мо аз аввали забон баровардани кӯдак синни яксолагӣ, якунимсолагӣ, дусолагии кӯдак ба ду забон гап мезадем. Кӯдаке, ки нав забон бароварда истодааст, бо ӯ модараш ба русӣ суҳбат мекард, ман бо тоҷикӣ. Аз аввали забон баровардан, кӯдак худ ба худ дониста-надониста бо ман тоҷикӣ гап мезад, бо модараш русӣ. Ин тур нашудааст, ки бо ман русӣ гап зада бошаду бо модараш тоҷикӣ. Ман ҳайрон мешудам. Ҳатто меҳмон, ки меомад, тоҷик биёяд, кӯдак бо ӯ тоҷикӣ гап мезанад, рус биёяд, кӯдак бо ӯ русӣ гап мезанад. Ҳайрон будам, ки ин кӯдаки дусола-сесола аз куҷо медонад, ки ин тоҷик асту бо ӯ тоҷикӣ гап задан лозим? Инаш рус аст, бо ӯ русӣ гап задан лозим? Аз куҷо медонад? Ҳанӯз ҳам намедонам. Домулло Осимӣ ҳам ҳикоя мекарданд, ки як набераашон ҳамин тур будааст.
Келинашон рус будааст. Набераашон аз аввали забон баровардан бо ду забон гап мезадааст. Бо модараш ба русӣ, бо падар ба тоҷикӣ. Лекин аҷиб ин, ки ин набераи Осимӣ бо ҳама занҳо ба русӣ гап мезадааст, чун модараш зан буд ва бо мардҳо тоҷикӣ. Мардҳо хоҳ тоҷик бошанду хоҳ рус, бо ҳамаи мардҳо тоҷикӣ ҳарф мезадааст. Домулло бисёр механдиданду ҳикояҳо мекарданд аз гап заданҳои набераашон.
Ҳамин гуна омӯзиши ду забон аз аввал, аз
давраи забон баровардан бисёр сирру асрори аҷиб

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё