Зеҳн
Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 117 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

наовард. Баъди чанд вақт шунидам, ки Раҳимиро аввал дар кадом ноҳияе ба унвони мудири молия таъйин карданд. Мудири молия шудааст. Рӯзе деҳқоне пеши ӯ омадааст ва бисёр илтимос кардааст, ки ӯро аз андоз озод кунанд. Раҳимӣ узри ӯро қабул кардааст ва ӯро аз ҳамаи андозҳо озод кардааст. Он гоҳ баъди чанд вақт деҳқонон ба пеши Раҳимӣ омадан гирифтанд, ҳама бо узр, ҳама бо ҳуҷҷатҳо, санадҳо, ки бенаво ҳастанд ва андоз дода наметавонанд. Хостанд, ки онҳоро ҳам аз андоз озод кунад. Ин Раҳимӣ ҳам чун дид, ки шароиташон танг аст, ҳамаро як-як аз андоз озод кардан гирифт. Дар охири сол он ноҳия натавонист плани молияро, плани андозҳоро иҷро кунад.
Раҳимиро аз кор гирифтанд, гӯё ҷазо надоданд, лекин дигар ба корҳои молия наздик намонданд.

Он вақт Раҳимӣ ба сифати шоир андак шуҳрат ёфта буд. Шеърҳояш чоп мешуд. Дар соли 1937 як воқеаи аҷиб шудааст, ки бояд бигӯям.

Дар бораи Раҳимӣ ривоятҳои аҷибе ҳаст дар байни мардум, ки ба якдигар ҳикоя мекарданд.
Баъзеи онҳо афсонавор, чизҳои боварнокарданӣ, аммо баъзеяш унсурҳои афсонавӣ дошта бошад ҳам, ба ҳар ҳол воқеӣ, боваркарданӣ. Яке аз онҳо ин аст.

пешина
аз 117
навбатӣ