Зеҳн
Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 117 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Шеърҳои ишқии хуб бисёр доранд. Аз ҷумла баъзеи онҳо мумкин ҳақиқатан ба Силсилабону бахшида шуда буданд:
Хуршеди ман куҷоӣ,
Сард аст хонаи ман.
Ҳаминҳоро Раҳимӣ танқид кардааст ва ҳоказо.

Яъне, Раҳимӣ ба муқобили шеъри ишқӣ, лирикаи ишқӣ сухан рондааст. Он вақтҳо дар адабиёти Шӯравӣ назарияе ҳам буд, ки лирика бояд иҷтимоию сиёсӣ бошад. Мазмуни иҷтимоию сиёсӣ дошта бошад. Бас аст васфу мадҳ, аз ҷумла бас аст ишқияҳо, ишқиясароӣ, ошиқона шеър гуфтан, занҳои номаълумро таъриф кардан. Давраи Инқилоб, давраи муборизаҳои синфӣ, давраи шеъри иҷтимоию сиёсист ва шеъри ишқӣ аҳаммияташро гум мекунад.

Ҳамин тур як назария буд. Бинобар ин бисёр шоирон шеъри ишқиро тарк карданд. Аз баҳри ишқиясароӣ баромаданд. Ҳатто Маяковский ҳам дигар шеъри ишқӣ нагуфт. Лекин баъзе шоирон сахт истоданд, ки шеър бе ишқ наметавонад вуҷуд дошта бошад. Ишқу муҳаббат ва шеър тавъаманд, ҳамеша бо ҳаманд. Аз ҷумла устод Лоҳутӣ дар солҳои сиюм бисёр шеърҳои ишқии хеле хуб гуфт.
Бисёр шеърҳои хуб. Бисёр шеърҳои олиҷаноб. Ҳама

пешина
аз 117
навбатӣ