Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

Ҳикояти мубориза дар роҳи қонунӣ ва миллӣ шудани забони тоҷикӣ дар Тоҷикистон
Шахси масъуле дар Тоҷикистон чанде пеш ба муносибати ёдоварии таърихи муборизаҳои мардуми мо дар роҳи ҳифзи забон, дар роҳи ҳифзи забони давлатӣ ва Қонуни забон, ки дар Ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ сурат гирифта буд, аз ҷумла дар Тоҷикистон, суханронӣ оғоз карду ба чӣ сабабе якбора гуфт:
-Ин ҷо ягон нафар набояд даъво дошта бошад, ки мо қаҳрамонӣ кардем. Ҳамаи ҷумҳуриҳои назди Балтика, Қафқоз ва Осиёи Миёна ин корро карданд
ва ин як раванди таърихӣ буд. Матни ин суханронӣ дар рӯзномаи “Наҷот”, 22 июли 2010 саҳифаи 5 чоп шудааст. Афсӯс хӯрдам, ки эшон ба унвони намояндаи Тоҷикистон дар соҳаи фарҳанг, хусусан дар соҳаи ҳифзи забон, дар бораи муборизоне, ки дар солҳои 1980-90 дар роҳи забони миллии худ, дар роҳи забони давлатӣ фидокориҳо карда буданд, дар бораи онҳо бо ин гуна як оҳанги нофорам сухан мекунаду мегӯяд, ки гӯё онҳо имрӯз даъвои қаҳрамонӣ доранд, вале сазовори қаҳрамонӣ нестанд ва ҳоказо.
Аз он касоне, ки дар Тоҷикистон дар ин мубориза ширкат доштанд, бисёриҳо имрӯз дигар дар қайди ҳаёт нестанд. Метавон гуфт, ки дар баъзе соҳаҳо ҳанӯз банда фаъолият дорам. Аз он нафароне, ки дар қабули Қонуни забон иштирок доштанд, фақат ман дар қайди ҳаёт ҳастам ва он гапе, ки ин нафар гуфтааст: баъзе касон даъвои қаҳрамонӣ доранд, имрӯз пеш аз ҳама дар ҳаққи банда гуфта шудааст. Он кас, ки имрӯз “ба оши тайёр бакавул шуда омад”, ҳатто андак кӯшиш накардааст, ки аз таърихи масъала хабар ёбад.
Таърихи ҳамин рӯз, ин таърихи дирӯз не, ҳатто таърихи парерӯз не, таърихи ҳамин рӯз аст. Афсус, ки чунин таърихе навишта ҳам нашудааст. Ҳоло мумкин навишта шавад. Алъон банда мехоҳам, ки

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё