Зеҳн
Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 117 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

истифода намешаванд. Забони тоҷикӣ аз ҳуқуқ маҳрум, дар чордевори хонаҳо мондааст. Андеша мекардам, ки агар ин тур давом кунад, маълум аст, ки роҳи забони миллӣ аз чордевори хона рост ба сӯи нестист. Бо таассуф медидам, ки забони миллиямон дар чордевори хона мондаасту ба сӯи нобудӣ меравад. Аз зинда мондани он умед нест.
Мехостам дар ин бора ман ҳам чизе бигӯям. Ман хуб гӯш кардам суханрониҳои маҷлисҳои Маскавро ва оқибат ба ин фикр омадам, ки мо ҳам бояд ором нашинем, Тоҷикистон ҳам бояд хомӯш наистад.
Бояд ба ин мубориза ҳамроҳ шавад, чунки забони тоҷикӣ аз дигар забонҳо хеле зиёдтар осеб дидааст, нисбат ба дигар забонҳо хеле зиёдтар ба роҳи нестӣ наздик шудааст. Бисёр мехостам, ки чизе нависам, аммо медонистам, ки агар ҳам чизе нависам, онро дар Душанбе чоп кунондан имкон надорад.
Нависам, мегӯянд, ки миллатчӣ шудӣ. Баъд дар баъзе маҷлисҳои Маскав мегуфтагӣ шудам.
Медидам, ки мардум чӣ мегӯянд, сухани маро маро қабул мекунанд ё на? Он демократҳои Маскав, ки ин масъаларо бардоштаанд, эроде мегиранд ё не?

Горбачёв забони русиро дар тамоми
Иттиҳоди Шӯравӣ забони давлатӣ кардан мехост,
аммо онҳоеро, ки дар Маскав ва дар
ҷумҳуриҳояшон барои давлатӣ шудани забони
миллияшон талош мекарданд, ин нияти Горбачёв

пешина
аз 117
навбатӣ