Зеҳн
Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 117 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

-Агар забони русиро номбар накунем, ҳамаамон мумкин ҷазо бинем. Дар ин маврид ҳам ба гапи ман розӣ нашуданд, ки: як забон бояд забони давлатӣ шавад. Ҳама даступокӯбон:”Як забон бояд забони давлатӣ шавад”. Ман ба таври худ кӯшиш кардам, бифаҳмонам, ки гуфтугӯи мо бисёр кашол шуд.
Аҳли зал торафт бештар шӯрид. Пас Абдуқодир Маниёзов маҷбур шуд, ин моддаро ба овоз гузорад.
Дар инҳоят ин моддаи қарори конфронс бо вироиши банда, он гуна, ки Шарофиддин Рустамов оварда буд, чоп шуд ва моддаи қарор ба овоз гузошта шуда, сад дар сад овоз гирифт, гузашт.
Вақте ки якзабонӣ қабул шуд ва натиҷаи овоздиҳиро эълон карданд, боз тамоми толори Академияи илмҳо шодмонӣ карданд. Қарори маҷлис рӯзи дигар дар рӯзномаи “Маориф ва илм” рӯи чоп баромад, ҳамон қарордоди конфронс, ки дар сари он ин қадар ҷанҷол шуд.

Он рӯзҳое, ки конфронс идома дошт, ду мақолаи банда дар Тоҷикистон чоп шуд. Яке тарҷумаи тоҷикии ҳамон мақолае, ки ба забони русӣ дар “Литературная газета” чоп шуда буд.
Дигаре низ мақолае дар бораи забони имрӯзӣ, вазъи онрӯзаи забони тоҷикӣ. Албатта он гоҳ, ки барои забони давлатӣ ва қонуни забон мубориза мерафт, банда якчанд мақола навиштаам. Дар натиҷаи қарори конфронс баъд як гурӯҳи кор ташкил шуд,

пешина
аз 117
навбатӣ