Зеҳн
Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 117 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

напаридааст, рангаш бисёр нағз монда буд.
Семёнов ин аксро ба ман доду гуфт, ки:

-Нусха бардор аз ину худашро биёр. Ин якумин акси ҳазрати қиблагоҳ аст, ки ман ба даст овардаам.
То он вақт акси ҳазрати қиблагоҳ дар дасти ман набуд, ягон аксашон намондаст. Чанд бор мехостам, ки дошта бошам акси ҳазрати қиблагоҳро. Аксро аз Семёнов гирифтам. Бисёр хурсанд шудам.

Баъд аз ин аз архивҳои Тошканд чизҳои даркорӣ бисёр баромад. Ҳар чӣ баромад, гирифтам.
Архиви он ҷо ҳам чунон будааст, ки як моҳ ин ҷо нишастан кам аст. Моҳҳо бояд сар берун накард.
Тоҷикон дар Тошканд зиёд буданд. Ман инро медонистам, лекин ҳеҷ кадоми онҳо бо ман шахсан шинос набуданд. Ман ғоибона баъзеи онҳоро шиносам ҳам, онҳо маро намешиносанд, бинобар ин ба ҳеҷ кадоми онҳо муроҷиат накардам. Ба ҷуз як нафар, ки донишҷӯйи факултаи форсии Донишгоҳи Осиёи Миёна буд, Эргаш Рустамов ном ҷавони узбек буд. Ягона касе, ягона шиносе, ки он ҷо доштам, ҳамин Эргаш Рустамов буд. Кофта ӯро ёфтам ва бо ҳам суҳбатҳо мекардем. Рӯзона, ки ман корҳои архиву китобхонаву инҳоро анҷом медодам, хеле зиқ мешудам. Тобистони гарм буд, хаста мешудам. Баъд бегоҳӣ бо Эргаш Рустамов андак

пешина
аз 117
навбатӣ