Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

Дар Институти шарқшиносияшон байни олимон, кормандони илмӣ қиссаи командировкаи аспирантиямро нақл кардам.
Соли 1950 ба Маскав командировка гирифтам. Бештар дар китобхонаи Ленин нишастам, то адабиёти маорифпарварии асри 19 ва ибтидои асри 20, маҷаллаи “Мулло Насриддин”-ро пурра биёмӯзам ва ҳоказо. Дар зарфи як моҳ ин корро кардам.
Соли 1951 асосан ба навиштани рисолаи якумам машғул будам ва онро, ки дар бораи Аҷзӣ буд, ба охир расонидам. Аз муҳокима гузаронидем.
Домулло Мирзозода-роҳбарам автореферати диссертатсияро низ талаб карда гуфт:
-Туро лозим буд, исбот кунӣ, ки Аҷзӣ аз ҷадидон набуд, барои аз ҷадидон ҷудо карданаш бояд коре мекардӣ.
Дар се соле, ки ман кор мекардам барои
рисолаам, китоби академик Бобоҷон Ғафуров
“История таджикского народа в кратком
изложении” дар Маскав чоп шуда буд. Охири ин
китоб як андаке дар бораи адабиёти асри 19 ва
даҳаи асри бист, ду даҳаи аввали асри бист, пеш аз
инқилоб матлаб дошт. Дигар банда далер шуда,
китоби Бобоҷонро гирифтаму диссертатсия

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё