Зеҳн
Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 117 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

аз ин сар кард, ки Аҷзӣ ҷадид, миллатчии буржуазӣ буд, аммо то ин вақт дар адабиёти илмии мо ба ӯ баҳои мусбат медоданд. Ӯро чун нависандаи пешқадам муаррифӣ мекарданд. Имшаб мо бо муҳокима бояд муайян кунем, ки моҳияти эҷодиёти Аҷзӣ чӣ арзише дошту дорад.

Даррав мардуме пайдо шуданд, ки суханронияшон тайёр, навишта, мошинкакарда, омода карда омадаанд. Одамони бисёре суханронӣ карданд, аз адабиётшиносон, нависандагон, аз муаллимони мактабҳои олӣ бисёр касон суханронӣ карданд ва ҳама Аҷзиро ҷадид ва иртиҷоӣ мегуфтанд. Шоири иртиҷоӣ мегуфтанд, аммо се нафар дар бораи Аҷзӣ сухани хуш гуфтанд. Яке профессор Холиқ Мирзозода, дигаре академик Алоуддин Баҳоуддинов гапи манро, сухани манро, ки хеле муфассал буд, батоқат гӯш карданд. Қарор бар ин шуд, ки Аҷзӣ шоири иртиҷоӣ дониста шавад ва чоп шудани осоре, ки дар бораи Аҷзӣ се-чор сол боз ман заҳмат кашида будам, манъ шавад. Ҷои тааҷҷуб аст, онҳое, ки як зарра заҳмат накашидаанд, меҳнат накардаанд, таҳқиқи илмӣ накардаанд, вале имрӯз гап заданд, гапашон гузашт.

...Ҳар ду нишастем дар хона, як чой мондем.
Аҷоиботро бинед, ки моҳи декабри соли 1952

пешина
аз 117
навбатӣ