Зеҳн
Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 117 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Каломи устод Шакурӣ бобати фароҳам сохтани имкони забти хотироташон

Банда Муҳаммадҷони Шакурӣ ҳастам.
Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ. Имрӯз 9-11- 2010 аз Ройзании фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон бо меҳрубонии сарвари ин Ройзанӣ оқои Ардуш, ҷавони ҳимматманди ин Ройзанӣ Раҷабов, корманди ин Ройзанӣ Ҳикматуллоҳ Раҷабов барои ман ин асбоби сабти овозро оварданд ва банда мехоҳам сипосгузории худро барои ин гуна ҳадяи олиҷаноб, ки ба ман алъон хеле зарур аст, баён кунам. Хеле миннатдор ҳастам. Саломат бошед.
Раҳмат, ташаккур, ҳам ба оқои Ардуш, ҳам ба оқои Ҳикматуллоҳ Раҷабов. Минаъд кӯшиш мекунам, ки ин дастгоҳи сабти овозро барои навиштани баъзе мақолаҳо, барои навиштани зиндагиномаи худнавишт истифода кунам. Иншоаллоҳ... Акнун инро зер мекунам...

Ҳикояти омӯзиши забони форсии тоҷикӣ ба фарзандонам
Банда се фарзанд дорам, се писар. Якумӣ
Шариф аст, соли таваллудаш соли 1948, дувумӣ
Анвар аст, ки соли таваллудаш 1952 ва севумӣ
Рустам ном дорад, ки таваллудаш соли 1961
мебошад. Ин бачаҳо дар замоне калон шуданд, ки
аҳолии Душанберо асосан русҳо ва русизабонҳои
омада ташкил медоданд. Русизабон, яъне ғайрирус,
ки бо русӣ гап мезананд, белорусҳову бошқирду
қафқозӣ ва ҳоказо. Онҳо чунон бисёр буданд, ки
масалан як вақте солҳои панҷоҳум аҳолии
Душанбе, аҳолии таҳҷоӣ, аҳолии тоҷик ҳамагӣ 12 дарсадро ташкил мекард. Ҳамагӣ 12 дарсади

пешина
аз 117
навбатӣ