Зеҳн
Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 117 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ба номи ман даъватнома наёмад. Баъд домулло
Осимӣ хурсанд шуданду гуфтанд:

-Ана акнун меравам ман. Акнун ман меравам, акнун ман бо ин шогирдам гап мезанам.

Рафтанд ва қатора қатӣ омаданд. Баъд ҳикоя карданд, ки моро бисёр нағз пешвоз гирифтанд.
Дар меҳмонхонаи бисёр нағз ҷой доданд. Рӯзи дигар пагоҳӣ ба маҷлисгоҳ рафтем. Соати даҳ ба маҷлис сар шуданаш даркор буд. Дар даст папкаю матни маърӯза, Осимӣ маърӯза карданашон даркор буд. Омадаанд, ки ҳоло калонҳо наомадаанд. Соати даҳ ба сар нашудааст маҷлис, соати даҳуним сар нашудаасту соат ёздаҳ шуд, ҳоло ҳам сар нашуд, сар накарданд. Калонҳои вилоят наомадаанд.

-Баъд як замон ду кас омаду- мегӯяд домулло
Осимӣ- гуфтанд, ки домулло Осимӣ бояд зуд
Самарқанд раванд...

-Чаро?

-Он ҷо ким-чӣ маҷлис асту аз Душанбе телефон карданд, аз Тошканд телефон карданд, аз Самарқанд телефон карданд. Зуд бояд равед. Ана мошин тайёр. Ин кас гуфтаанд:

-Не, ман маърӯза мекунам дар ин ҷо, маърӯзаи ман тайёр.

пешина
аз 117
навбатӣ