Зеҳн
Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 117 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар рӯзномаи “Омӯзгор” чоп шуд. Ҳамин хел баъзе чизҳо чоп шуд. Ман дигар хабар надорам.
Маърӯзаи асосӣ ва дигар чизҳо гӯё ки чоп нашудааст.

Қиссаи дӯстӣ бо Эргаш Рустамов
Донишҷӯи факултаи форсии Донишгоҳи
Осиёи Миёна Эргаш Рустамов аз ҷавонони узбек
буд. Қиссаи дӯстии мо бо ӯ ба соли 1943 ё 44
бармегардад, ки банда донишҷӯи Донишгоҳи
педагогии шаҳри Душанбе будам. Рӯзе бо як ҷавоне
шинос шудам, ки либоси ҳарбӣ дошт. Бо касе
суҳбат мекарду шеър мехонд. Фаҳмидам, ки ин
ҷавонест шоиртабиат. Нав аз майдони ҷанг
омадааст. Эргаш Рустамов дар майдони ҷанг
захмин шудааст. Дар госпиталҳо хеле хобидааст ва
акнун ҷои таҳсил кардан гоҳ-гоҳ ба донишгоҳ
назди мо меомад. Ману Солеҳӣ бо ӯ ҳамсуҳбат

мешудем. Гоҳ онҳоро ба хонаи аммаам мебурдам, ки зиёфат кунам, вале бештар суҳбат мекардем.
Ҳунари рассомӣ ҳам дорад, расми моро кашид. Он расми ман, ки Рустамов кашида буд, шояд ҳанӯз дар хона, дар ҷое бошад. Шеър мегуфтааст Эргаш Рустамов:

Очилур кунлун бергулдек очилур.

Ба оҳанг ҳам гирифта буданд ва ин оҳанг дар “пинка” (дастгоҳи сабти овоз) ҳам чоп шудааст.
Сурудашонро ман шунидаам ва он пинкае, ки ин сурудро дорад, низ дар дасти ман ҳаст. Дар дасти худи Эргаш Рустамов низ буд ё не, намедонам.
Эргаш Рустамов адабиётро бисёр дӯст медошт, нағз медонист адабиёти рус, адабиёти Ғарбро. Забони русиро нағз медонист. Адабиёти ҷаҳонро ба забони русӣ хеле бисёр хонда буд.

Дар он вақтҳо, ки ман дар идораи рӯзномаи “Тоҷикистони сурх” кор мекардам, баъзе шабҳо навбатдор будам, бегоҳиҳо пеш аз рафтан ба навбатдории рӯзнома мо рафиқон ҷамъ мешудему андак мешиштем. Чорта гап мезадему шеър мехондему баъд ман мерафтам ба кор. Дар идораи “Тоҷикистони сурх” он ҷо ҳеҷ кас набуд ва танҳо ман навбатдорӣ мекардам. Чунон ки гуфтем, солҳои ҷанг солҳои гушнагӣ буд, идораи “Тоҷикистони сурх” ҳар ҳафта як бор як чек медод.

пешина
аз 117
навбатӣ