Зеҳн
Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 117 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

забардасти забони узбекӣ ҳамин дӯсти худам миннатдорам. Эргаш Рустамов андаке тоҷикӣ медонист, аммо тоҷикии авомонаро камтар медонист, акнун тоҷикии шоиронаро аз худ мекард.
Бисёр хурсанд буд. Бисёр меҳри самимӣ пайдо кард.

Баъд аз ҷанг Эргаш Рустамов ба факултети шарқшиносии Донишгоҳи Тошканд дар шуъбаи форсӣ ба хондан даромад. Дар соли 1948 ман ба Тошканд омадам. Ягона касе, ягона шиносе, ки он ҷо доштам, ҳамин Эргаш Рустамов буд. Кофта ӯро ёфтам ва бо ҳам суҳбатҳо мекардем. Рӯзона, ки ман корҳои архиву китобхонаву инҳоро анҷом медодам, хеле зиқ мешудам. Тобистони гарм буд, хаста мешудам. Баъд бегоҳӣ бо Эргаш Рустамов андак гардиш мекардем. Ҳавои тоза мебаромадем. Кино мерафтем. Андак дам мегирифтем. Эргаш Рустамов аз ин, ки ман ба Тошканд омадаам, хеле хурсанд шуда буду ҳар рӯз бегоҳиҳо пеши ман меомад.
Баъзе рӯзҳо, масалан, рӯзи якшанбе, ки ҳама ҷойҳо баста, архиву китобхонаҳо баставу ман бекор будам, меомад бо ҳам шаҳр мебаромадем, мегаштем. Шаҳрро нишон медод.

Вале боре ҳодисае рух дод, ки лозим аст ин
ҷо бигӯям. Рӯзе бо Эргаш Рустамов дар кӯча ҳар ду
қадам мезадем, суҳбате доштем. Эргаш Рустамов ба

пешина
аз 117
навбатӣ