Зеҳн
Ҳикоятҳои оканда аз ҳаёт

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 117 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Дар байни зиёиён ин гуна гапҳо буд, аммо нафрат ба ягон кас набуд, манъ кардан аз суҳбат бо забони модарӣ набуд. Аммо дар Тошканд? Акнун, ин касе, ки аз чойхона давида баромад, як одами одӣ, фақат як чойхонанишин буд. Дар халқи Тошканд ин гуна ақидаҳо ҳаст магар?

Ҳикояти ман ва устод Раҳматов Он вақтҳо, ки ман ба Донишгоҳи педагогӣ, Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе ба кор даромадаму кор оғоз кардам, устодонам меҳрубониҳо нишон доданд ва чун падар бо ман муомила мекарданд. Аз рӯи ҳамин меҳрубониҳои эшон ба ман дар хобгоҳи муаллимони донишгоҳ, ки хобгоҳи тахтадевор буд, дар паҳлуи худашон ҷой доданд, хона доданд. Ман ба ин хона кӯчидам.
Ҳамсояи паҳлуям Носирҷон Маъсумӣ рӯзе чун ман аз кор омадам, гуфтанд, ки “рафтем!” Равон шудем.
Дар роҳ аз ман пурсиданд:

пешина
аз 117
навбатӣ