УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

Агенти Зеҳнӣ · 21 октябри 2026 · 132 саҳифа
Саттор Турсун
УМРИ ДАРОЗИ АРЧА
Ҳикояҳо
ПАДАР
Барфи реза қариб ду шабу ду рўз шиддат карда, ин саҳар якбора аз дамаш гашта буд. Ва ҳоло, чоштгоҳ, агарчи офтоб аз пушти абрҳои сафед хира-хира рух менамуд, ҳаво бадтар хунук шуда, устухони пирамардро мекоҳонд.
«Ин сармо... ҳа нагўед, санга мекафонаду вай маҳмаддоно надонам ба кӣ ситеза карда, ҷонаша дар азоб мемонад. Аслан ба номаш фарзанд гап фаҳмондан осон не. Махсусан имрўз, ки ҳамааш хондагӣ, қонундон, аз чор тарафи дунё бохабар. Ба ивази як даҳан насиҳат... сад даҳан талху тунд мешунавӣ.
Эҳа-аа! Се моҳ инҷониб идора ба идора даводаву арзу дод карда, ду ҷувол ангишту як дарза ҳезум рўёнда наметавонад... Боз мудири китобхона будааст!»
Дар даст ду сатил ангишту зери каш чанд параха пешдаргирон, пирамард кўчаро сарнишеб шуда, оҳиста-оҳиста назди духтараш мерафт. Ў дар тан ҷомаи рангпаридаи сатини сиёҳ ва дар пой мўзаи намадини бакалўш дошт; миёнашро ба фўта маҳкам баста буд. Боди сард фаши саллаву бари ҷомаашро алвонҷ медод; ба риши сафедаш панҷа зада, гўшу биниашро занбўр барин мегазид.
«Ҳа-а, зимистон сахт омад, аҷали моли реза шуд...»
Ҳар чизе ки ин дам ба назари пирамард мерасид – ҳам кўчаи хилвати деҳа, ҳам боми хонаҳои ду бари он, ҳам сари девори ҳавлиҳо, ҳам шохи дарахтон, – ҳама сапсафед буданд. Вай чашмони камнурашро, ки аз муҳити пурҷилои барф об мегирифтанд, нимпўш карда, ба эҳтиёт мерафт. Қадамҳояш ноустувор ва қомати баландаш хамхўрда буд. Ба ў нигариста, кас гумон мебурд, ки синнаш аз ҳаштод кам нест. Дар асл пирамард на ҳаштод сол дошт, на ҳафтод... Ва ба гуфти худаш, агар нўҳ моҳу нўҳ рўзи дар шиками модар буданашро аз ҳисоб берун напартоянд, акнун ба шасту се қадам мегузошт. Вале чӣ илоҷ, ки тарбоди сабил ўро бемаҳал пир кардааст. «...Ҳамин мўза ҳузури ҷон шуд. Ин зимистон дарди поям ранги порсола не; тоб овардан мумкин – хеле сар дод ахир! Илоҳӣ Муродам ба дили беғам гардад... умраш дароз бошад.
Падарам азоб накашад гуфта, ҳамин мўзая махсус харида, аз роҳи дур бардошта омаданаш барои ман ҳазор тилло. Давлати пирӣ аз ин зиёд намешудагист...»
Дар пеши дари китобхона, ки дуртар аз магазини деҳа назарногир метофт, пирамард сатилҳоро ба замин монду аз зери каш пешдаргиронро ба даст гирифта, вазнин дарун даромад. Ва маънидор гулў афшонда, аввал ба рафҳои китоб, ба мизи дарози алвонпўш, ки болояш пур аз маҷаллаву рўзномаҳои гуногун буд, ва баъд ба духтараш, ки дар пушти мизи хурд ва пастаки назди тиреза нишаста, сараш хам... китоб мехонд, чашм давонд.
– Ларзида шиштаӣ?
Духтар китобро як сў гузошта, сабук бархост. Тарҳи рўяш ба чеҳраи пирамард шабоҳат дошта, худ чаққону ситорагарм менамуд. Вай тобистон, пас аз хатми мактаби миёна, ҳамин китобхонаро, ки пештар як рўз кушода бошад, се-чор рўз баста мешуд, аз собиқ мудири он – зани ранҷури серфарзанде қабул карда буд.
– Дирўз гуфтанд, ки пагоҳ мефиристем...
Шояд биёранд.
– Шояд... – зери лаб ғурунгид пирамард ва парахаҳоро дар пои бухорӣ монда, оҳиста берун баромад.
– Ташвиш кашидан чӣ лозим буд, додо? – гуфт духтар, вақте ки ў, дар даст ду сатили пур аз ангишт, гашта ба китобхона ворид шуд. – Ҳамин қадар беалав шиштам, боз як рўз тоқат мекардам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё