УМРИ ДАРОЗИ АРЧА

– Як рўз мегўӣ? Ҳа-а, духтарам, ту ҳоло хом, беақл... Зўъмия авло дониста, хунука ба ҳисоб намегирӣ. Баъди понздаҳ-бист сол мефаҳмӣ, ки ҳамин зўъмӣ бар зарари тану ҷонат будааст. Лекин дер мешавад.
Пирамард сари по нишаст; аз бағалкисаи ҷомааш як қуттӣ гўгирд бароварда, болои пешдаргирон гузошт. Ва даст ба даричаи бухорӣ бурд.
– Лозим не, додо, худам дармегиронам.
– Агар то ҳол ба гапи ман гўш дода, аз хона ҳезуму ангишт оварда, хотирҷамъ алав мекардӣ, ин қадар азоб намекашидӣ, – гуфт пирамард ва аз ҷой хеста, бешитоб сўи дар рафт.
– Духтар гунаҳкорона сар хам карда, хомўш монд. Ин кори падараш ба ў аз сад гапи талх сахттар расида, дилашро такон медод. Ба вай, ки духтарам хунук нахўрад гуфта, дар ҳамин хел аёс кашола шуда, ангишт ва ҳатто… пешдаргирон овардааст, раҳмаш омад.
–
...Пирамард рў ба ҷониби ҳавлиаш ниҳод; чил-панҷоҳ қадам тай зад. Вале ногаҳон қафо гашт – кампираш таъин карда буд, ки сари роҳ ягон кило чой харида биёрад. Аз ин рў ба магазини деҳа даромада, ба фурўшанда, ҷавони хомфарбеҳи зардина, салому алейк кард.
– Хизмат, амак?
– Чои кабуд дорӣ?
– Ҳаст, аз нағзаш. Чӣ қадар диҳам?
– Як кило...
Ҷавон аз чойқуттӣ башумор бист лўнда чой гирифта, дар коғазе печондан мехост, ки пирамард:
– Ташвиш накаш, писар, – гуфт ва бари ҷомаашро бардошта, аз кисаи шими пахталаганда рўймол баровард. Чойро ба он баста, пулашро дароз кард. – Раҳмат.
– Акаи Мурод хат менависанд?
Саломатанд?
Пирамард лаҳзае саросема шуд, – гўё ҳеҷ чиз нафаҳмида бошад, ба рўи ҷавон нигарист: ҳамчунон чеҳрааш кушода, ў даст ба пеши бар гирифта меистод.
– Ҳа, менависад. Сиҳат-саломат...
Вай дурўғ гуфт ва ҳамон дам аз кораш пушаймон шуда, зуд кўча баромад. Хаёлаш, ки ҷавон ба чашмони нармнигоҳи худ «ман кӣ будани Муродро медонам, амак.
Ин гапатон дурўғ. Вай ба шумо мактуб наменависад. Падар чӣ лозим ба вай!» – гўён таъна зад.
Дар ҳақиқат ҳам писараш баъди он ки институтро хатм карда, дар шаҳр ба кор даромад, ягон бор ба ў мактуб нанавиштааст. Се сол боз пирамард аз номи вай як парча коғаз интизор; як парча коғазе ки дар он ду даҳан гапи нарм сабт шуда бошад... Мурод дар тўли ҳамин се сол фақат ду маротиба омада, падарашро хабар гирифт. Аммо пирамард ҳар сол панҷ-шаш карат писарбинӣ наравад, беқарор гардида, ҳатто хобу хўрро гум мекунад. «Хайр, ҳеҷ қисса не, ягон рўз менависад.
Ҳоло кораш вазнин – инжинери як заводи калон будан ҳазл не албатта. Дар зери дасти ў камаш панҷсад кас кор мекардагист. Ба онҳо роҳу равиш нишон додан лозим. Худаш як дафъа шикоят дошт, ки ба сархорӣ ҳам дасташ намерасад. Ба мани пир хат менависам гуфта, ҳушаша парешон кунад, нағз намешавад. Тору пуди кораша дурусттар ёбад, баъд ана… пештара барин навиштан мегирад... Муродҷонам, шукри худо, фарзанди баоқибат. Баоқибат набошад, ғами мана хўрда, ҳамин хел мўзаи намадини олиҷаноб меовард?! О ин ҷо ба ҷо ба дардам даво-ку...»
Вақте ки пирамард қариб ба ҳавлиаш мерасид, аз қафо як газик омада, дар баробари ў таққӣ истод. Ва дари он сабук кушода шуда, раиси калхоз, марди аспрўи батанутўш, ки дар бар пўстину дар сар телпаки гўшакҳояш фуроварда дошт, ба вай салом дод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё