Зеҳн
Сайри сухан

Китоби мазкур маҷмӯи мақолаҳо оид ба масъалаҳои таърихию фарҳангӣ ва забоншиносӣ мебошад. Дар он таҳаввулоти таърихии баъзе аносир ва падидаҳои забонӣ таҳлил гардидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 63 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан
  1. Дар як силсила калимаҳо мавҷудияти овози l дар забонҳои ёдшуда ба l-и ҳиндуаврупоӣ мувофиқат карда, зуҳури он дар забонҳои эронӣ то ҳол ба таври мушаххас маълум нест. Ба ҳайси далел метавон калимаи lab-ро мисол овард: ҳиндуаврупоӣ leb< порсии миёнаи ашкони lap< порсии миёнаи сосонӣ lab, муқ. лотинӣ Labium, немисӣ Lippe.

Ҷои таъкид аст, ки на танҳо овозҳои таркибии калимаҳои мустақилмаъно, балки таркиби пасвандҳо низ ба l бадал шудааст.

  1. Чунон ки тазаккур гашт, овози l бештар дар калимаҳои иқтибосӣ вуҷуд дошта, дар аксар мавриди ҳамон овоз ба тоҷикӣ якҷоя бо калима гузаштааст. Ин силсила калимаҳо одатан мутааллиқ ба забонҳои дигари ғарбиэрониву шарқиэронӣ ва забонҳои бегонаанд. Аз ин рӯ, мо онҳоро ба чунин зергурӯҳҳо ҷудо намудем:

а) Калимаҳои суғдӣ: палонҷ/палоиҷ.

б) Калимаҳои парфянӣ: жола, паҳлавон.

в) Калимаҳои оромӣ: чалипо, дуҳул, дӯл, ялдо.

г) Калимаҳои арабӣ: ҷои таъкид аст, ки дар забони тоҷикӣ миқдори зиёди воҳидҳои луғавие, ки овози l доранд, мансуби забони арабӣанд: акмал, ҳосил, таклиф, лакнат, авлод, олим, давлат, қалам, хаёл, калом, салом... Аз 364 калима бо овози l оғозпаванда, ки дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» дучор шуд (мо калимаҳои сохтаву мураккабро ба эътибор нагирифтем), 191 адади онро воҳидҳои луғавии арабӣ ва боқӣ 155 вожаро унсурҳои тоҷикӣ ташкил кардаанд: лави, лавҳ, лазиз, лайл, либо, лифофа, лиҳо, ломиса, луоб... (ниг. 73, ҷ. 1, с. 586-612).

ғ) Силсилаи дигари унсурҳои лексикии ҳамсадои l-доштаро калимаҳои ҳиндӣ ташкил медиҳанд: филфил, ҷангал, ҳалоҳил, нилуфар, ланг, шагол (< ҳ.қ. srgāla), дӯл (< ҳ.қ. daula).

Муҳаммад Ғиёсуддини Ромпурӣ дар фарҳанги машҳури хеш - «Ғиёс-ул-луғот» як силсила калимаҳои ҳиндиро ёдовар шудааст, ки дар таркибашон овози l доранд: пилло (59, ҷ. 2, с. 27), қаранфул (59, ҷ. 2, с. 132), чала (ангуштарӣ-59, ҷ. 2, с. 163), дол (муарраби лала-59, ҷ. 2, с. 210).

пешина
аз 63
навбатӣ