Сайри сухан

Китоби мазкур маҷмӯи мақолаҳо оид ба масъалаҳои таърихию фарҳангӣ ва забоншиносӣ мебошад. Дар он таҳаввулоти таърихии баъзе аносир ва падидаҳои забонӣ таҳлил гардидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 63 саҳифа
забони порсии миёна (алмос, лаган, калид, зангар-ниг. 25, с. 44; 48, с. 83); б) ба воситаи забони арабӣ иқлим, файласуф, тилооман, в) ба воситаи забони русӣ. Ин дастаи иқтибосҳои юнонӣ нисбат ба ду гурӯҳи аввал бештар буда, мувофиқи ҳисоби мо 16 ададро ташкил медиҳанд: лицей, алфавит, анализ, асфалт, глюкоза, делфин, каталог, клиника, лексика, лирика, нафталин, проблема, телевизор, филолог, хлор, электр...
и) Иқтибосҳои англисии овози l дошта. Ин силсила унсури луғавии иқтибосӣ дар забони тоҷикӣ 22 ададро ташкил медиҳанд: баскетбол, вокзал, гол, доллар, клуб, лифт, парламент, релс, тунел, филм, фолклор...
й) Имрӯз дар таркиби луғавии забони тоҷикӣ 27 калимаи иқтибосии немисии ҳамсадои l дошта вуҷуд дорад:
болт, бухгалтер, галстук, зал, кител, лагер, стул, солдат, шланг, штапел...
к) Ба ин тариқ, дар забони тоҷикӣ боз иқтибосҳои ҳамсадои l доштаи итолиёвӣ (балерина, бюллетен, новелла, финал), испанӣ (кока-кола, силос, шоколад), голландӣ (кабел, лоцман, руд), венгриягӣ (гуляш), хитойӣ (лапша) низ мавриди истифода қарор доранд.
Аз чанд нуқтаи таҳаккурёфта маълум мегардад, ки ҳамсадои мавриди таҳлил роҳи мураккабу печдарпечи дуҳулро ба забони нигон паймуда, баъдан дар таркиби луғавии забони тоҷикӣ ҳуқуқи комили истифодаро соҳиб шуд. Инчунин аз нахустасрҳои миёна сар карда, то имрӯз забони тоҷикӣ дастаи фаровони иқтибосҳои овози l доштаро дар радифи унсурҳои дигар аз забонҳои хешу ғайрихеш гирифтааст.
Ориёиаслҳои туркишуда
Дучори таҳаввулоти шакливу маъноӣ шудани вожаҳо
дар даврони мадиди таърихӣ мӯҷиби душвории муайян
кардани асли решаи онҳо гардида, боиси дода шудани шарҳу
тафсири мухталиф, ҳатто мухолифатнок мешавад. Дар
натиҷа, моли як забон саҳван сарчашмаи маънавии забони
дигар муаррифӣ мегардад, ки кори басо носозгор аст. Чунин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё