Сайри сухан

Китоби мазкур маҷмӯи мақолаҳо оид ба масъалаҳои таърихию фарҳангӣ ва забоншиносӣ мебошад. Дар он таҳаввулоти таърихии баъзе аносир ва падидаҳои забонӣ таҳлил гардидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 63 саҳифа
шудааст. Асли он калимаи gok — и ҳиндуаврупоӣ буда, аз ин реша ба ҷуз гунаи ečki дар туркии қадим боз шакли kečī ба ҳамон маънои тазаккурёфта зуҳур кардааст. Решаи туркӣ надоштани ин воҳиди луғавиро ин нуқта низ исбот менамояд, ки он дар забони ҳиндии қадим ба шакли ajka «буз», порсии миёна azak, литвонӣ ožka «буз» ба мушоҳида мерасад (ниг. 15, ҷ. 1, с. 589). Ҳиҷрати ин ҳайвони хонагӣ якҷоя бо соҳибонаш аз маҳалли зисти нахустини худ — Осиёи Пси ба самти шарқ ва шимолу шарқ, бахусус Осиёи Марказӣ боиси дохил шудани он ба забонҳои туркӣ ва ҳамчун «истилоҳи сайёр» боқӣ мондани он дар Евразия шудааст. Маҳз дар ҷараёни чунин ҳиҷрат ин тоифа бо ақвоми туркинажоду муғул бархӯрд карда, мӯҷиби ба вуқӯъ омадани иртибот байни онҳо гардид. Дар забони туркии қадим аз решаи мазкур (яъне gok ) инчунин вожаи gōčgar «ӯсфанд»
зуҳур карда, минбаъд низ бо роҳи таҳаввули маъноӣ дар байни мафҳуми «ҷинси паринаи ӯсфанд» истифода гардид.
- Чанде аз калимаҳои ориёиасл ва гузашта аз он ҳиндуаврупоӣ баробари корбурдашон дар забонҳои эронӣ на танҳо дар забонҳои туркӣ густариш ёфтанд, балки дар забонҳои дигари ғайриориёӣ низ ба шаклҳои ба он забонҳо хос мавриди истифода қарор гирифтанд. Калимаҳои чакка «пешонӣ», қоқ аз ҳамин гурӯҳанд. Вожаи аввал на танҳо дар забони ҳиндуориёӣ (ҳиндии қадим kakāṇikā «қисми устухони пешонӣ») ва забонҳои эронии миёнаву (паҳлавӣ čakāt, суғдӣ čakāt «пешонӣ») нав (форсӣ čakāt «чакка»; осетии čægat), балки дар забони арманӣ низ ба гунаи č ak āt «пешонӣ»
мустаъмал аст (1, ҷ. 1, с. 296, 58, с. 249). Унсури луғавии дуюм аз шоҳаҳои алоҳидаи забони ориёӣ, ки дар он ба гунаи қок дучор меояд (...ва аммо аз он ғизои мутлақ, ки аз ӯ ғизо бисёр оҷ чун зардии ҳойи мурғи хонагӣ ва гӯшти гӯсолаи фарбеҳ ва гӯшти хук ва нони қок ва гӯшти бат - «Ҳидоятул-мутааллимин»-и Аҳавайнӣ, с. 156) ба туркии қадим ба шакли қоқ роҳ ёфта, ба арабӣ, чунон ки Муҳаммад Ғисуддини Ромпурӣ таъкид менамояд, ба сурати каък дохил шудааст (ниг. 59, ҷ. 2, с. 171).

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё