Сайри сухан

Китоби мазкур маҷмӯи мақолаҳо оид ба масъалаҳои таърихию фарҳангӣ ва забоншиносӣ мебошад. Дар он таҳаввулоти таърихии баъзе аносир ва падидаҳои забонӣ таҳлил гардидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 63 саҳифа
қадим»-ро ба воситаи Осиёи Миёна ба ҷониби ғарб нишон дод.
Чунон ки ёдрас шуд, ин силсила воҳидҳои луғавӣ на танҳо баъди духулашон ба забонҳои туркӣ дучори тағйироти овозии шудаанд, балки қисме аз онҳо ҳанӯз дар даврони зуҳури шоҳаҳои алоҳидаи забони ҳиндуаврупоии қадим ба ин гуна таҳаввулот «гирифтор» гаштаанд. Ба ҳайси мисол зикри саргузашти вожаи турна бамаврид аст. Ин калима ибтидои худро аз решаи gër (бо мувозии gar) «фарёд баровардан» гирифта, дар замони мавҷудияти забони ҳиндуаврупой ба гунаи gerepo мустаъмал буд ва баъдан аз тариқи таҳаввулоти овозии дар забонҳои ориёгӣ ва умумиэронӣ ба гунаҳои zur‘naka>zar‘nuka ба кор рафт.
Маълум аст, ки ҳамсадои z -и оғозии калимаҳои умумиэронӣ дар порсии қадим ба d мегузарад. Бино ба қоидаи мазкур, ‘zma -и умумиэронӣ дар порсии қадим dma мешавад ва дар даврони баъди dumā шуда, ба забони туркии қадим ба гунаи turna роҳ меёбад.
Унсури луғавии туман низ гунаи таҳаввулёфтаи dunman-> авестои dunma «туман» буда, бо замимаи аносири ёвар ҳамчун сифат низ истифода гардид (ниг. 58, ҷ. 2, с. 496).
Ин ҷо метавонад шубҳае пайдо шавад, ки шояд ин гуна аносири луғатӣ на аз ориёгӣ ба туркӣ, балки, баръакс аз забони туркии қадим ба забонҳои эронӣ ва гузашта аз он ба ориёгӣ роҳ ёфта бошад. Муҳаққиқон ба ин суол аллакай ҷавоб додаанд. Чунончи, муаллифони китоби «Забони ҳиндуаврупоӣ ва ҳиндуаврупоиён» таъкид кардаанд, ки бо назардошти қонунияти табдили овозҳо дар ин забонҳо наметавонист ҳодисаи акс ба вуқӯъ ояд (ниг. 15, ҷ. 2, с. 589).
В.И.Абаев низ роҷеъ ба вожаи турна мулоҳизаронӣ карда, таъкид намудааст, ки «... калимаи туркии turna -ро лозим меояд, ки вомвожа аз забони форсӣ ба туркӣ ба шумор овард, на баръакс, чунон ки саҳван чунин ҳам шуморидаанд» (1, ҷ.4, с.304).
- Чанде аз вожаҳои ориёиасл имрӯз дар забонҳои
туркӣ вусъатнок ба кор рафта, аммо дар таркиби луғавии
забони адабии тоҷикӣ истифода намешаванд ва танҳо дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё