Зеҳн
Сайри сухан

Китоби мазкур маҷмӯи мақолаҳо оид ба масъалаҳои таърихию фарҳангӣ ва забоншиносӣ мебошад. Дар он таҳаввулоти таърихии баъзе аносир ва падидаҳои забонӣ таҳлил гардидаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 63 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

мункор боздоип ва коҳинонро, ки донишмандони ҷуҳудопанд, сарзаниш кард (5, с.233). Ва дар ин миенаҳо хабар расида буд, ки писари яғмури туркмон ва писарони дигар муқаддимони туркмон... (ро) кушанд (3, с.372)... ва бо най тумбак мезаданд, тағоле, ки муқаддимони ҳиндувонро расм аст (3, с.407)... ба суғӯҳ омаданд... аз дашноҳҳои зишт, ки занони сагзиён медоданд (3, с.466). Амир вайро бисер бинвохт ва некӯйҳо гуфт ва умедҳо кард на ҳамчунон пешравони ҳиндувонро (3, с.494). Бар ин рози шуданд ва малик олимони ҷуҳудонро бихонд ва ин сухан бар эшон арза кард (66, с.529). Ва ин зикри ҳиссаи мулуки аҷам гуфта шавад аз ҳикояти бараҳманони ҳиндувон (42, с.106). Ва кори эшон бад-он расид, ки ромишгари пеша гирифтанд ва ин рудзанони ҳиндувон гуфтааст, ки аз он насаб аст (42, с.117). Ва се ҳазор мардони ҷуҳудон бикуштанд ва зану фарзанд ба Румия оварданд (42, с.129). Ва аз олимони ҷуҳудон суханҳо шунид (42, с.169).

  1. Дар шакли ҷамъ омадани муайяншавандаву муайянкунанда вақте низ ба чашм мерасад, ки калимаи тобеъкунанда бо исм ифода гашта, ҷузъи тобеъ воҳидҳои луғавии ифодакунандаи мазҳабро фаҳмонад...: савмаадорони тарсоон, бешак, меҳӯранд хостаҳои мардум (67, с.610).

  2. Дар шумора мувофиқати ҳар ду ҷуфти ибораи изофӣ дар мавриде низ мушоҳида мегардад, ки муайяншавандаи он бо калимаҳои субстантиватсияшуда ифода ёфта, муайянкунандааш аломату хусусиятро фаҳмонад: ... мардони мунофиқону занони мунофиқон бархе аз эшон аз бархе мефармоянд ба зиштӣ ва бозмедоранд аз некӯй (67, с.618). Ва шумо гумроҳон ва ночидон ва кофирони бутпарастонед (69, с.1507). Амир гуфт: «Сипоҳсолорро бибояд рафт ва гузар бар муфсидони сорбон танг бояд кард...» (3, с.439). Меҳмонони некӯрӯи паери, ки он гоҳ мо бар эшон балоят кунем (68, с.859). Гуфт, ки мар дутро меҳмонон омаданд, ки ҳадду андоза набуд ва ин соқиёни моҳрӯии олам ба навбат дугон-дугон меомаданд (3, с.252). Ва эшон ба шаб андар фусунҳо кардандӣ ва занони меҳғарони некӯрӯйро ба афсун бисёрдандӣ (42, с.477).

пешина
аз 63
навбатӣ