Сайри сухан

Китоби мазкур маҷмӯи мақолаҳо оид ба масъалаҳои таърихию фарҳангӣ ва забоншиносӣ мебошад. Дар он таҳаввулоти таърихии баъзе аносир ва падидаҳои забонӣ таҳлил гардидаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 63 саҳифа
марказӣ (лаҳҷаҳои фаҳлавӣ) «в»-ҳои оғозии эронии миёна то ба имрӯз ба ҳамин сурат боқӣ мондааст. Лаҳҷаи қадими Ҳамадон низ аз ин даста лаҳҷаҳост...» (64, с.105).
Таҳлил ва муқоисаву муқобалаи маводи гирдомада аз сарчашмаҳои даврони асримиёнагӣ ва гӯйиши шимолии Тоҷикистон бар он шаҳодат медиҳад, ки лаҳҷаҳои ин минтақа дар радифи гӯйишҳое қарор доранд, ки баробари ба он роҳёбии аломатҳои нав боз унсурҳои куҳани орисиаро дар худ маҳфуз доштааст. В.С.Расторгуева ҳанӯз миёнаи солҳои 50-уми асри ХХ дорои чунин вижагӣ будани ин гӯйишро таъкид намуда буд (ниг. 53, с.113). Афзун бар ин дар гӯйиши шимолӣ бархе талаффузоти куҳани вожаҳо маҳфуз мондаанд, ки онҳо дар забони адабӣ ва дигар гӯйишҳои тоҷикӣ ба назар намемерасанд. В.А.Ефимов ва В.С.Расторгуева роҷеъ ба чунин вижагии овозҳои гӯйиши мазкур таваққуф карда, таъкид намудаанд, ки «типи шимолии вокализми гӯйиши тоҷикӣ бештар архаистӣ буда,... дар он мисли забонҳои порсии миёна ва форсӣ-тоҷикии давраи классикӣ ҳашт фонемаи садонок маҳфуз мондаанд» (48, с. 48).
Ҳангоми муқоисаи тарзи талаффузи гурӯҳе аз вожаҳо дар гӯйиши шимолӣ ва забони адабии ҳозираи тоҷикӣ равшан мегардад, ки дар мавридҳои алоҳида дар гӯйиши мазкур гунаи талаффузи вожаҳо нисбат ба забони адабӣ архаистӣ аст. Дар тайиди ин гуфтаҳо метавон мисоли фаровон овард, вале ин ҷо бо таҳлили чанде аз вожаҳо маҳдуд мешавем.
Маълум аст, ки дар забони адабии ҳозираи тоҷикӣ асосии замони ҳозираи феъли дидан — бин маҳсуб гашта, шаклҳои мухталифи замонии аз он зуҳркунанда низ ҳамин тавр талаффуз мешаванд. Валекин дар гӯйиши шимолӣ дар чунин маврид гунаи талаффузи куҳани он бен фаровон истифода мегардад. ...мурам шумо-ба, омасода бенам, тағойи дар-а духтари калони-топ ҳамиққа ширбойишакак рӯфтос, ки хийоло мекунит, рӯған лесида мешат (Истаравшан). Бади ҷанг вахт балниса-ва будатим-анда хат омад, хонда бенам, ҳамун хел навистагӣ (Хуҷанд).
Тазаккур бояд дод, ки аз чунин шакли қадими феълӣ дар бархе лаҳҷаҳои шимолӣ, ба хусус Понғоз, Шайдон, Хииптхона, Бободархон шаклҳои масдарии bêntan, bêndan.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё