Зеҳн
Сурнайчӣ

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳо барои кӯдакон буда, бо забони сода ва равон навишта шудааст. Шеърҳо олами кӯдакона, дӯстӣ ва сурудҳои миллиро тасвир мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 33 саҳифа

КӯдаконАдабиётШеър
Аз аввал хондан

СОАТИ МАН

Дорам аҷаб соате —
Соати аъло.
Беҳтар аз соати
Нуқраву тилло.

Беҳтар аз соати
Нӯги манора
Зӯртар аз соати
Аспсавора.

Созтар аз соати
Хокиву обӣ
Қанд бизан, ҷӯраҷон,
Агар ки ёбӣ.

Соати ман вақтро,
Дақиқ бидонад.
Ҷои ҷарангосзанӣ
Ашӯла хонад.

Шунида овози ӯ
Чашм кунем во,
Кӯдаки гаҳвора то
Очаву додо.

Оча бигӯяд, ки ҳой,
Вақти саҳар шуд,
Дадо бигӯяд, ки ой!
Вақти сафар шуд.

Соати меҳнаткашам
Роҳ барояд,
Монда дуто қадам
Боз сарояд:

Ҳой, бихезед зи хоб,
Мардуми қишлоқ...
Шаҳр равем мо савор
Вақтхушу чоқ!

Рӯи қаҷова дуто
Қанори даҳман,
Рӯи қанорҳо — дадо,
Баъди дадом — ман,

Аз паси ман хоҳарам
Савор Рудоба,
Аз паси ӯ рӯи ҳам
Чаккаю чоба.

Шаҳр барад соатам
Моро тамошо,
Беҳтар аз соати
Нуқраву тилло...

Бегоҳӣ гардем ҳама
Вақтхушу чоқ.
Секаса соатсавор
Ҷониби қишлоқ.

Аз ҳама аввал дадо
Баъди дадом — ман.
Аз паси ман хоҳару
Ҷобаи равған.

Аз паси он мошину
Пуффтаки нозук,
Автомати чӯбину
Кулчаи тешук...

Соати ман аз дигар
Ашӯла хонад,
«Хона расидем, фаро!»
Хабар расонад.

Суст шавад соатам,
Намедиҳам тоб
Зиёфаташ мекунам
Бо алафу об.

пешина
аз 33
навбатӣ