Сурнайчӣ

Ин китоб маҷмӯаи шеърҳо барои кӯдакон буда, бо забони сода ва равон навишта шудааст. Шеърҳо олами кӯдакона, дӯстӣ ва сурудҳои миллиро тасвир мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 октябри 2026 · 33 саҳифа
ШеърКӯдаконАдабиёт
Аз аввал хондан«БОЛЕЛЬЩИК»
«Болельщик» Абдулназар
Аз ҳама ҷо бохабар:
Бохабар ӯ аз ҷаҳон,
Аз финалу чемпион,
Аз зӯрии «Бенфика»
Гондурасу Мексика.
Аз бозии Мандалай,
Машварати ФИФА кай?
Судьяи одил киҳо,
Вазни Пузач чанд кило?
Дина Шрайнер чӣ гуфт?
Аз чӣ Копейкин нахуфт?
Рекорди «Ородия»,
Зӯри пои Нодия,
Миқдори тӯби Пеле,
Аз дарс пурсӣ, вале
Мешунавӣ аз Назар
Оббо...
Чӣ буд?..
Э, магар...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё